Сураи Рум Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 9

اَوَلَمۡ يَسِيۡرُوۡا فِى الۡاَرۡضِ فَيَنۡظُرُوۡا كَيۡفَ كَانَ عَاقِبَةُ الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ‌ؕ كَانُوۡۤا اَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةً وَّاَثَارُوا الۡاَرۡضَ وَعَمَرُوۡهَاۤ اَكۡثَرَ مِمَّا عَمَرُوۡهَا وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُمۡ بِالۡبَيِّنٰتِ‌ ؕ فَمَا كَانَ اللّٰهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلٰـكِنۡ كَانُوۡۤا اَنۡفُسَهُمۡ يَظۡلِمُوۡنَ ٩

А-ва-лам ясӣру фи-л-арЗи фаянзуру кайфа кана ъақибату-л-лазӣна мин Қаблиҳим. Кану ашадда минҳум Қуввата-в ва асару-л-арЗа ва ъамаруҳа аксара мим ма ъамаруҳа ва ҷаатҳум русулуҳум би-л-баййинати фа ма каналлоҳу ли язлимаҳум ва лакин кану анфусаҳум язлимун. 9.

9. Оё дар рӯи Замин сайр накарданд, то оқибати ононеро, ки пеш аз онҳо буданд бингаранд, ки кори онҳо чӣ гуна шуд? Онҳо аз инҳо тавонотар буданд ва Заминро биронданд ва онро бештар обод карданд ва пайғамбарон бо муъҷизаҳо барои онҳо омаданд, пас, набуд, ки Худо бар онҳо ситам кунад, валекин онҳо бар худ ситам мекарданд.

Ояти мазкур кофирони дунёпарастро ҳушдор додааст, ки зиндагонии ин дунё абадӣ нест. Оё дунёпарастон дар рӯйи Замин сайру сафар накарданд ва надиданд, ки Худованд деҳаҳоеро, ки мардумонашон нисбат ба мушрикон ва кофирони ҳамасри Расулуллоҳ (с) чандин баробар пурқуввату сарватманду авлоддор буданд, нерӯйи бештар доштанд ва тавонистанд, ки барои зироъату иморат заминҳоро дигаргун созанд, чӣ кор кард? Ҳангоме ки пайғамбарон ба сӯйи онҳо бо далелҳои ошкор омаданд, онҳо дар баробари ҲаҚ таслим нашуданд ва итоъат накарданд. Магар панд намегиранд, ки Худованд чӣ гуна онҳоро ҳалок кард ва чӣ гуна диёрашонро ба як харобазор табдил кардааст? Оё онҳо ақл надоранд? Чаро аз дидани ин харобазорҳои ибратомӯзу панддиҳанда ибрат намегиранд? Бояд сарнавишти онҳо барои мушрикони Макка дарси ибрат бошад. Худованд онҳоро зулм накард, балки худашон бар нафсҳои худ зулм карданд, ки ба ин балоҳо гирифтор шуданд.

Хулоса, кофирони пешгузашта бо ин ҳама тавоноие, ки доштанд, ҳангоме ки оятҳо ва пайғамбарони илоҳиро инкор карданд аз муҷозоти илоҳӣ ба ҳеҷ ҷо фирор карда натавонистанд. Шумо (кофирони Қурайш) агар мисли онҳо рафтор кунед, чӣ гуна аз муҷозоти илоҳӣ фирор карда метавонед? Худованд ҳаргиз бар касе зулму ситамро раво намебинад. Ин ҳама муҷозот маҳсули амалҳои худи онҳо буд. Онҳо барои худ зулм карданд. Ковишҳои бостоншиносони асри ҳозира мӯъҷиза будани ин оятҳои Қуръони каримро тасдиҚ мекунанд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)