Тафсири Сураи Рум Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 8
اَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُوۡا فِىۡۤ اَنۡفُسِهِمۡ مَا خَلَقَ اللّٰهُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَاۤ اِلَّا بِالۡحَقِّ وَاَجَلٍ مُّسَمًّىؕ وَ اِنَّ كَثِيۡرًا مِّنَ النَّاسِ بِلِقَآئِ رَبِّهِمۡ لَـكٰفِرُوۡنَ ٨
А-ва-лам ятафаккару фи анфусиҳим. Ма халаҚаллоҳу-с-самавати ва-л-арЗа ва ма байнаҳума илла би-л-ҳаҚҚи ва аҷалим мусамма. Ва инна касӣра-м мина-н-наси би лиҚаи Раббиҳим лакафирун. 8.
8. Оё дар замири худ андеша накарданд, ки Худо осмонҳо ва Заминро ва он чӣ дар миёни он ҳар ду ҳаст, наёфаридааст, магар бо тадбири дуруст ва бо таъини ваҚти муҚаррар?! Ва ҳаройина, бисёре аз мардум ба мулоҚоти Парвардигори хеш эътиҚод надоранд.
Худованд Зотест, ки барои ҳар инсон воситаи андеша-ақлро фароҳам овардааст. Фарзанди инсон метавонад фикр кунад ва бо доварии ақли худ бар маҳдудияти ҷаҳони моддӣ сарфаҳм равад ва ба хулосае ояд, ки бояд мавҷудияти ин дунё мӯҳлате дошта бошад. Пас аз он олами дигаре бояд бошад. Худованд дар ояти мазкур эътирозомез гуфтааст, ки чаро касоне, ки фикрашон барои ҳамин ҷаҳони фонӣ банд шудааст, дар бораи олами ҳастӣ, оламе, ки Худованд офаридааст, фикр намекунанд. Чаро онҳо дар бораи вуҷуди худашон, ҷисми худашон, аҷоиботи офариниш ва тарзи кори ҳар узви баданашон фикр намекунанд? Чаро дар бораи осмонҳо (Коинот) ва замин ва чизҳое, ки дар байни онҳост, яъне олами ҳастӣ фикр намекунанд? Агар бо ақли худ андеша ва фикр мекарданд, каме аз асрори ҳастӣ ва мақсади офариниши он бохабар мешуданд. Барои инсони боақл ва боандеша ошкор мешуд, ки Офаридгор ин коиноту ин заминро бо тамоми мавҷудоташ беҳадаф ва беҳуда наофарида аст. Дар офариниши онҳо тадбире, мақсад ва ҳикмати бузурге ҳаст ва он ин аст, ки инсонҳо аз омузиши махлуқоти бешумор, гуногун ва аҷоиб Офаридгори мавҷудот Худои якка ва ягона, Қодиру тавоноро бишносанд.
Ҳикмати дигар он аст, ки ин мавҷудоти дунёи ҳастӣ доимӣ нестанд. Худованд барои онҳо мӯҳлате муайян кардааст. Дар охири он мӯҳлат Қиёмат барпо мешавад ва инсон аз нав зинда гардида, бо Парвардигораш ҳатман мулоқот мекунад. Ин ваъдаи Худованд аст. Пас инсони оқил бояд фикр кунад, ки Парвардигораш аз кадом амалҳо хушнуд мешавад ва кадом амалҳо Худовандро норозӣ мекунанд. Ӯ бояд амалҳои некро бисёртар анҷом диҳад ва аз амалҳои бад худро нигоҳ дорад, то аз имтиҳони Парвардигор бо сарбаландӣ гузашта, аз оташи Ҷаҳаннам халос ва дохили Биҳишти анбар сиришт гардад.
Худованди таъоло дар охири ояти мазкур фармудааст, ки бегумон бисёре аз инсонҳо ба барпошавии Қиёмат, аз нав зинда гаштан ва ҳисобу китоби амалҳои дар дунё содиркардаашон бовар надоранд, ҳарчи хостанд мекунанд ва ҳарчи хостанд мегӯянд. Барои маълумоти бештар ба ояти 5-уми сураи «Раъд» ва ба ояти 35-уми сураи «Мӯъминун» ва ба ояти 67-уми сураи «Намл» ва ба ояти 3-ӯми сураи «Қоф» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «