Тафсири Сураи Сабо Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 28
وَمَاۤ اَرۡسَلۡنٰكَ اِلَّا كَآفَّةً لِّلنَّاسِ بَشِيۡرًا وَّنَذِيۡرًا وَّلٰـكِنَّ اَكۡثَرَ النَّاسِ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٢٨
Ва ма арсалнака илла каффата-л ли-н-наси башӣра-в ва назӣра-в ва лакинна аксара-н-наси ла яъламун. 28.
28. Ва Мо туро нафиристодем, магар барои ҳамаи мардум ва муждадиҳанда, бимдиҳанда, валекин аксари мардум намедонанд.
Баъди исботи якка ва ягона буданаш, Худованд дар ин оят аз умумӣ будани рисолати пайғамбарии Муҳаммад (с) сухан оғоз карда гуфтааст, ки эй Муҳаммад (с) Мо туро хос барои Қавми араб не, балки барои тамоми мардуми ҷаҳон, агар итоаткунанда бошанд, башоратдиҳанда ба Биҳишт ва барои гарданкашони онҳо бимдиҳанда ба Ҷаҳаннам фиристодем. Вале аксари мардум (кофирон) аз манфиъати фиристода шудани ту бебаҳраву бехабаранд. Аз ин рӯ аз рӯйи ҷаҳолат онҳо даст ба ихтилофҳо мезананд. (Барои маълумоти бештар ба ояти 1-уми сураи «Фурқон» ва ба ояти 19-уми сураи «Анъом» муроҷиъат шавад). Бо ривояти Ибни Аббос (р) дар ҳадиси шариф омадааст, ки Пайғамбари Худо (с) чунин фармуданд: «Ман на аз рӯйи фахр, балки ба унвони шукргузорӣ мегӯям, ки Худованд панҷ чизро барои ман марҳамат фармуд: Худованд маро барои тамоми мардум, хоҳ сафед, хоҳ сиёҳ, хоҳ инс ё ҷин бошанд ба сифати пайғамбар фиристод. Заминро барои ман поку поккунанда ва ҳама болои ӯро барои ман масҷид Қарор дод. Моли ғаниматеро, ки аз ҷанги бо куффор ба даст меояд, барои ман ҳалол гардонид. Ҳол он ки барои ҳеҷ касе пеш аз ман ҳалол нашуда буд. Бо он ҳайбате, ки Худованд ба ман дода буд, масофаи як моҳа роҳро (бе ҷанг) нусрат ёфтам. Мақоми шафоъат ба ман дода шуд, онро барои умматам захираи Қиёмат кардам».
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «