Тафсири Сураи Сафф Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сафф Ояти 2
يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا لِمَ تَقُوۡلُوۡنَ مَا لَا تَفۡعَلُوۡنَ ٢
Йа айюҳа-л лазӣна аману лима тақулуна ма ла тафъалун. 2.
2. Эй касоне, ки имон овардаед, чаро он чиро, ки шумо мегӯед, онро намекунед?
Худованд дар ин оят нидо намуда фармудааст, ки эй мардуми ба Худо ва Расули Ӯ (с) имоноварда, чаро он чиро, ки худ дар амал онро намекунед бо забонҳоятон мегӯед, ки мо фалон кори хайр ё маъруферо мекунем, вале чун рӯзаш биёяд, онро ба ҷо намеоред? Оре ваъда додану хилофи он намудан одати мунофиқон аст.
Хулоса, Худованд дар ин, оят онҳоеро, ки қавлашон ба амалашон мутобиқ нест, маломат кардааст. Ҳоло дар ҷамъияти имрӯзаи мо касонеро вохӯрдан, мумкин аст, ки сари қадам ваъда медиҳанду, хилоф мекунанд. Нафароне ҳастанд, ки кори накардаро ба худ нисбат дода “Мо кардем” мегӯянд:
Ибни Аббос (р) гӯфтаанд: “Дар ҷамоаи мо муъминоне, буданд, ки пеш аз фарз шудани ҷиҳод мегуфтанд: “Мо ба беҳтарин амал далолат кардани Аллоҳтаъолоро дӯст медорем то ки он амалро иҷро кунем”. Чун, Аллоҳтаъоло ба набии худ хабар дод, ки ба Худо имони бешак ва шубҳа овардан бо аҳли куфре, ки мухолифи имонаст, ҷиҳод кардан ва ба ҳаққ иқрор кардан беҳтарини амалҳост. Яъне вақто, ки ояти ҷиҳод нозил шуд, барои баъзе муъминҳо иҷрои ваъдаҳояшон, яъне ҷиҳод машаққат шуд, ҳатто онҳо ҷиҳодро барои худ макрӯҳ ҳисобиданд. Пас, ин оят нозил шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «