Тафсири Сураи Сафф Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сафф Ояти 3
كَبُرَ مَقۡتًا عِنۡدَ اللّٰهِ اَنۡ تَقُوۡلُوۡا مَا لَا تَفۡعَلُوۡنَ ٣
Кабура мақтан ъиндаллоҳи ан тақулу ма ла тафъалун. 3.
3. Назди Аллоҳ нописанд (нафрат)-и бузург аст, ин ки бигӯед, он чиро, ки намекунед.
Ояти сеюм давоми мантиқии ояти дуюм ва қувватбахши он буда дар он Аллоҳтаъоло фармудааст, ки кореро дар асл намекунед, вале “мекунем” мегӯед, ин одат назди Худованд шадидан нописанд аст. Мисол: бисёр шахсон дар амри маъруф ва наҳйи мункар соҳиби маҳоратанд, вале худ бо он чӣ мегӯянд, амал намекунанд. Акнун Аллоҳтаъоло оид ба фазли ҷиҳод дар ояти зер хабар медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «