Сураи Саҷда Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 2

تَنۡزِيۡلُ الۡكِتٰبِ لَا رَيۡبَ فِيۡهِ مِنۡ رَّبِّ الۡعٰلَمِيۡنَؕ ٢

Танзӣлу-л-китаби ла райба фӣҳи ми-р-Рабби-л-ъаламӣн. 2.

2. Фуруд овардани китоб, ки дар он ҳеҷ шубҳае нест, аз ҷониби Парвардигори ҳама оламҳост.

Қуръон китобест, ки аз сӯйи Парвардигори оламиён ба Муҳаммад (с) нозил шудааст. Дар ҳақ будани он шакку шубҳа нест. Он агар навиштаи инсон ё ҷин, ё дигар махлуқ мебуд, албатта, дар он камбудӣ ёфт мешуд. Лизо дар Қуръон на дурӯғ аст, на ҷоду, на фолбинӣ ва на афсонаҳои пешиниён. Оре! Китобе, ки оҷизкунандаи башар бошад, аз маърази шакку шубҳа тамоман дур аст. Касе дар ҳақ будани Қуръон шак дорад, ӯ худ илми казоие надорад. Зеро Қуръон сухани Парвардигор аст, на сухани махлуқ!


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)