Тафсири Сураи Сачда Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Ба номи Худованди Бахшандаи меҳрубон.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
الٓمّٓ ١
Алиф, Ламм, Мӣм. 1.
1. Алиф, лом, мим.
Маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад.
Бо чунин ҳарфҳои соддаи аз ҳам ҷудои алифбои арабӣ, ки дар дастраси ҳамагон Қарор доранд, оғоз шудани ин сура, ишора бар он аст, ки Аллоҳтаъоло бо Қудрати бузурги Худ ин китоб (Қуръон)-ро барои Муҳаммад (с) нозил кардаасту он муъҷизаи доимист ва касе чунин китобро навиштаву таълиф карда наметавонад. Сухан дар бораи бо ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо) оғозшавии баъзе сураҳои Қуръони дар чандин ҷо аз он ҷумла дар оғози сураи «Бақара» гузашт. Барои маълумоти бештар ба онҳо руҷӯъ шавад. Сураи мазкур 15-умин сураест, ки бо чунин ҳарфҳои аз ҳам ҷудо оғоз шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «