Тафсири Сураи Сачда Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда Ояти 3
اَمۡ يَقُوۡلُوۡنَ افۡتَرٰٮهُۚ بَلۡ هُوَ الۡحَقُّ مِنۡ رَّبِّكَ لِتُنۡذِرَ قَوۡمًا مَّاۤ اَتٰٮهُمۡ مِّنۡ نَّذِيۡرٍ مِّنۡ قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُوۡنَ ٣
Ам яқулун-афтараҳ. Бал ҳува-л-ҳаққу ми-р-Раббика ли тунзира Қавма-м ма атаҳум-м мин-н-назӣри-м мин Қаблика лаъаллаҳум яҳтадун. 3.
3. Оё мегӯянд: «Барбофтааст он (китоб)-ро». Балки он рост аст, аз ҷониби Парвардигори ту омадааст, то Қавмеро, ки пеш аз ту ба онҳо ҳеҷ тарсонанда наёмадааст, тарсонӣ, то бошад ки онҳо роҳ ёбанд.
Бе ягон шакку шубҳа Қуръон каломи Аллоҳ аст. Локин баъзе аз мушрикон инро инкор мекарданд. Ҳоло Худованд дар ин оят гуфтааст, ки оё мушрикон мехоҳанд бигӯянд, ки Муҳаммад (с) аз назди худ китобе бофтаасту номи онро Қуръон ниҳодааст ва ин дурӯғҳои худро ба Худо нисбат медиҳад?! На! Ин пиндори шумо мушрикон аст, ки гуфтани чунин сухану ин туҳмати беасосро раво мебинед. Ин ҳама даъвоҳои шумо бе далел аст, ин Қуръон бофтаи Расули Мо (с) нест, балки он аз ҷониби Парвардигор нозил шудаасту сухани ҳаққу росту дуруст аст. Агар ақл дошта бошед, кофтуков кунед, далели ҳаққ будани он дар худи он ошкору намоён аст. Сипас, Худованд ба ҳадафу ҳикмати нузули Қуръон пардохта гуфтааст, ки мақсад аз нузули Каломи Аллоҳ ин аст, ки то Ту (с) гурӯҳеро бо тарс додан аз он ҳушдор диҳӣ, ки пеш аз ту барои онҳо ҳушдордиҳандае наёмадааст, то шояд панд гирианду ҳидоят шаванд. Оре! Қуръон барои инсон заминасози ҳидоят бошад ҳам, локин ба ҳар ҳол, интихоби бо кадом роҳ рафтан ба худи инсон вобастааст. Валлоҳу аълам.
(Барои маълумоти бештар ба ояти 6-уми сураи «Ёсин» муроҷиъат шавад). Акнун Худованд барои ҳаққ будани он китоб ва ҳаққ будани Пайғамбар (с) дар оятҳои зер далелҳо овардааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «