Тафсири Сураи Сачда Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда Ояти 22
وَمَنۡ اَظۡلَمُ مِمَّنۡ ذُكِّرَ بِاٰيٰتِ رَبِّهٖ ثُمَّ اَعۡرَضَ عَنۡهَا ؕ اِنَّا مِنَ الۡمُجۡرِمِيۡنَ مُنۡتَقِمُوۡنَ ٢٢
Ва ман азламу мимман зуккира би айати Раббиҳӣ сумма аъраЗа ъанҳа. Инна мина-л муҷримӣна мунтақимун. 22.
22. Ва кист ситамгортар аз касе, ки бо оятҳои Парвардигори хеш панд дода шавад, боз аз он рӯй гардонад? Ҳаройина, Мо аз гунаҳгорон интиқомгиранда хоҳем буд.
Агар васоили бедоркунанда ба кофирону мушрикон ва фосиқон суд надиҳад ва онҳо бедор нашаванд, ҷуз интиқом (ҷазо) роҳи дигаре боқӣ намемонад. Худованд дар ин оят фармудааст, ки чӣ касе ситамгортар аст аз он касе, ки ба оятҳои Парвардигор, ки ӯро панд диҳанду ӯ аз ин панду насиҳат рӯгардон бошад? Вақто ки одати онҳо чунин аст, Қаблан Мо аз саркашоне, ки монанди онҳо буданд, интиқом гирифта будем. Ҳоло аз ин муҷримони беимон интиқом (ҷазо) низ хоҳем гирифт. Аз таърихи гузаштагон ҳамчу мисол Қиссаи Мӯсо (а) дар ояти зер баён шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «