Тафсири Сураи Сачда Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Саҷда Ояти 21
وَلَنـــُذِيۡقَنَّهُمۡ مِّنَ الۡعَذَابِ الۡاَدۡنٰى دُوۡنَ الۡعَذَابِ الۡاَكۡبَرِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُوۡنَ ٢١
Ва ла нузӣқаннаҳум-м мина-л-ъазаби-л-адна дуна-л ъазаби-л-акбари лаъаллаҳум ярҷиъун. 21.
21. Ва албатта, онҳоро (дар дунё) ба азобе ки камтар аз азоби бузург аст, бичашонем, бошад, ки онҳо бозгарданд.
Худованд барои бандагони Худ бисёр меҳрубон аст. Онҳоро дар ин дунё ихтиёри ҷузъӣ дод, аммо барои он, ки ба Ҷаҳаннам нараванд, пайғамбарони Худро фиристод, китобҳои Худро нозил кард, ба онҳо неъматҳои Худро арзонӣ кард ва онҳоро ба мусибатҳо гирифтор кард, то шояд ба худ оянду ба сӯйи имон бозгарданд. Агар аз инҳо суд набардоранд, сарнавишти онҳо ҷуз оташи Ҷаҳанам чизе дигаре нест. Ҳоло Худованд дар ин оят фармудааст, ки мо фосиқонро пеш аз чашидани азоби бузурги охират, аз азоби наздик, яъне аз азобҳои дунявӣ чун Қаҳтӣ, хушксолӣ, рафтани баракат аз боғҳо, ё ҷангу ҷидолҳое, ки бар пайкари ҳамдигар мезананд, мечашонем, шояд бедор шаванду аз куфру фосиқии худ бозгашта, ба даргоҳи Худованд рӯйи оранд. Барои маълумоти бештар ба ояти 94-уми сураи «Аъроф» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «