Сураи Саҷда Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сачда Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Саҷда Ояти 25

اِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ فِيۡمَا كَانُوۡا فِيۡهِ يَخۡتَلِفُوۡنَ ٢٥

Инна Раббака Ҳува яфсилу байнаҳум явма-л Қийамати фӣ ма кану фӣҳи яхталифун. 25.

25. Ҳаройина, рӯзи Қиёмат дар он чӣ андар он ихтилоф мекарданд, Парвардигори ту миёни онҳо файсала хоҳад кард.

Баъди он, ки Худованд бани Исроилро пешвоёни ростин дод, на ҳамаи онҳо он пешвоёнро Қадр карданд. Балки баъзе аз онҳо даст ба ихтилофҳову тафриқабозиҳо заданд. Ҳоло Худованд дар ин оят бо таври умум, бо лаҳни таҳдидомез, барои онҳо ё барои муъминон ва ё барои дигар Қавмҳое, ки дар масъалаҳои динӣ бо ҳам ихтилоф карданду ҳар кадом фикри худашонро дуруст шуморида гумроҳ шуданд, гуфтааст, ки рӯзи Қиёмат, албатта, Парвардигори ту бо мезони адолати Худ, миёни онҳо, ҳукму файсала хоҳад кард ва ҳар тоифаро ба сазои амали хеш хоҳад расонд. Дар он рӯз ҳаққу ботил маълум хоҳад шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Саҷда «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Саҷда Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Саҷда Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)