Сураи Шуъаро Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 19

وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ الَّتِىۡ فَعَلۡتَ وَاَنۡتَ مِنَ الۡكٰفِرِيۡنَ ١٩

Ва фаъалта фаълатака-л-латӣ фаъалта ва анта мина-л-кафирӣн. 19.

19. Ва он кирдори худро, ки аз ту ба амал омад, кардӣ ва ту аз носипосонӣ!».

Дар посух Фиръавн ба Мӯсо (а) ва Ҳорун (а), ба маънои он, ки рисолати онҳоро қабул надорад, бо чанд ҷумлаи ҳисобшудаи шайтанатомез гуфт, ки оё ту касе нестӣ, ки мо бо меҳрубонии худ туро парвариш кардем? Оё ту касе нестӣ, ки дар тифлиат аз амвоҷи хурӯшони дарёи Нил, ки туро ба ҳалокат таҳдид мекард, наҷот додем ва барои ту доя таъин кардем? Оё туро аз он қонуне, ки бояд ҳама писарони навзоди бани Исроил ба қатл расонда шаванд, истисно намуда, дар муҳити амну амон дар нозу неъмати шоҳона парвариш надодем? Оё чандин солҳои зиндагии худро дар байни мо нагузаронидӣ ва назди мо ба воя нарасидӣ?! Фиръавн эроду таънаҳои худро идома дода, ба Мӯсо (а) гуфт, ки ту дар ёд дорӣ, ки ҷинояти дигареро содир кардӣ, яке аз қибтиёни тарафдорони моро ба қатл расонидӣ? Ҳоло баъди кардани чунин корҳо чӣ гуна даъвои пайғамбарӣ дорӣ? Илова бар ин чаро куфрону носипосии неъматҳои мо мекунӣ? Солҳо дар суфраи мо будӣ, намакхурӣ кардию ҳоло намакдон мешиканӣ? Фиръавн бо чунин суханбозӣ мехост Мӯсо (а)-ро маҳкум кунад.

Барои маълумоти бештар ба ояти 15-ӯми сураи «Қасас» муроҷиъат шавад. Чун Фиръавн аз таъна задании Мӯсо (а) фориғ шуд, дар баробари Фиръавн забони Мӯсо (а) чун пештара лакнатдор набуд, балки бо ёрии Аллоҳ бо сухани бурро ба Фиръавн…


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)