Сураи Шуъаро Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 2

تِلۡكَ اٰيٰتُ الۡكِتٰبِ الۡمُبِيۡنِ‏ ٢

Тилка айату-л-китаби-л-мубӣн. 2.

2. Ин оятҳои Китоби равшан аст.

Калимаи «Тилка» дар истилоҳ ва адабиёти араб калимаест, ки барои ишораи дур ба кор бурда мешавад ва дар баландқадрии ишорашуда далолат мекунад. Ҳоло ин ишора метавонад ишора ба оятҳои ин сура, ё ба кулли оятҳои Қуръони карим бошад. Мурод аз Китоби мубин Қуръони карим аст. Яъне Ӯ (Қуръони карим), китобест, ки агарчи аз ҳарфҳо ташкил ёфта шуда бошад ҳам, локин оятҳои он ошкоро ва равшананд. Фаҳми он барои пандгирандагон осон аст. Қуръон ҷудокунандаи ҳаққ аз ботил ва ошкоркунандаи роҳи саъодату пирӯзӣ ва наҷот аз гумроҳист.

Барои фаҳми бештар ба ояти 12-уми сураи «Юсуф (а)» муроҷиъат шавад.

Ояти зер барои бардоштани рӯҳияи Расулаллоҳ (с) хитоб аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)