Сураи Шуъаро Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

طسٓمٓ ١

То, Сим, Мим. 1.

1. То. Син. Мим. (Маънои ин ҳарфҳоро танҳо Худованд медонад).

Тарзи бо овоз (транскрипсия) навиштани ин ҳарфҳо. «То, син, мим» аст. Аммо дар ҳолати хондан «То, сим, мим», яъне бо идғоми ҳарфи син бо мим ва бо ташдид хонда мешавад, ки чунин тарзи хонданро дар илми таҷвид мадди лозими ҳарфӣ мегӯянд. Чуноне ки дида шуд, дар оғози ин сура бо намунаи дигаре аз ҳарфҳои муқаттаъаи қуръонӣ вомехӯрем. Худованд сураи «Шуъаро»-ро бо се ҳарфи алифбоии аз ҳам ҷудо оғоз намуда аст. Онҳо ояти якуми ин сура ҳисоб мешаванд. Ин се ҳарф назди мазҳаби ҳанафӣ яке аз оятҳои муташобеҳ буда, муроду мақсаду маънои онҳо ба Худованди поку якто маълум аст. Барои чӣ Худованд баъзе аз сураҳоро бо чунин ҳарф оғоз кардааст, инро низ Худаш медонад.

Хулоса, тафсил ва тафсири ингуна ҳарфҳои муқатаъа ва амсоли онҳо дар оғози сураи «Бақара», «Оли Имрон», «Аъроф» эзоҳ дода шуд, ҳоҷат ба такрор нест, зеро ҷойгиршавии ин ҳарфҳо дар сари ин сура муъҷиза будани Қуръонро нишон додааст, ки ин Каломи бузурги Раббони аз чунин ҳарфҳои оддиву содда тартиб дода шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)