Сураи Шуъаро Ояти 226 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 226 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 226

وَاَنَّهُمۡ يَقُوۡلُوۡنَ مَا لَا يَفۡعَلُوۡنَۙ ٢٢٦

Ва аннаҳум яқулуна ма ла яфъалун. 226.

226. Ва он чизе мегӯянд, ки худ амал намекунанд?

Илова бар ин, онҳо баъзан чунон суханҳои боҳикмате мегӯянд, ки шунавандаро ба шигифт меоранд, аммо ба гуфтаҳои худ амал намекунанд. Оё Муҳаммад (с) чун онҳост? Вақто ки ҳоли шоъирони беақида чунин аст, пас чӣ гуна онҳоро ба роҳи рост ба ҳидоят кашида метавонӣ?

Хулоса, Муҳаммад (с) бо гувоҳии ҳамагон чизеро мегӯяд, ки онро анҷом дода метавонад. Дар суханҳои ӯ ҳеҷ дурӯғу музахрафот нест. Дар охирин ояти сураи мазкур сифати шоъироне, ки бо ақидаву бо ёди Худованданд, бо таври истисно баён шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 225 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 227 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)