Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 227 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шуъаро Ояти 227
اِلَّا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡا وَعَمِلُوا الصّٰلِحٰتِ وَذَكَرُوا اللّٰهَ كَثِيۡرًا وَّانْتَصَرُوۡا مِنۡۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُوۡا ؕ وَسَيَـعۡلَمُ الَّذِيۡنَ ظَلَمُوۡۤا اَىَّ مُنۡقَلَبٍ يَّـنۡقَلِبُوۡنَ ٢٢٧
Илла-л-лазӣна оману ва ъамилу-с-солиҳати ва закаруллоҳа касӣра-в вантасару мин баъди ма зулиму. Ва саяъламу-л лазӣна заламу айя мунқалаби-н янқалибун. 227.
227. Магар ононе, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд ва зикри Худоро (дар шеърҳояшон) бисёр карданд ва баъд аз он, ки мазлум шуданд (бо шеър), пирӯз гаштанд ва золимон хоҳанд донист, ки ба кадом ҷо бозхоҳанд гашт.
Қуръони карим барои он ки ҳаққи шоирони боимон зойеъ нагардад, сафи онҳоро аз шоирони ҳарзагӯ ҷудо карда гуфтааст, ки магар он шоъироне (истисноанд, ки) дар водиҳои маърифат сайр доранд, онҳо имон оварданд ва амалҳои шоистаеро анҷом доданд, дар ғафлату ғарқи ашъор нашуданд, балки ба зикри Худо машғул буданд ва бо ашъорашон мардумро ба зикри Худо водор сохтанд ва ҳангоме ки худашон ё мардум мавриди зулму ситам қарор мегирифтанд, аз ин завқу табъи баланди хеш истифода карда, барои дифоъ аз худ ё аз мардуми мазлум бо шеъри худ ба по хестанд.
Хулоса, барои шоирони бо ҳадафу бо имон чаҳор сифат зарур аст:
1-ум имон;
2-юм анҷоми амалҳои солеҳ;
3-юм ба зикри Худо, чи дар ҳолати шеърнависӣ ва чи дар дигар ҳолатҳои машғул будан;
4-ум дар баробари зулму ситамҳо бо қувваи шеъри худ, барои дафъи зулми золимон, мубориза бурдан ва марҳами дарди мазлумон шуданд. Шоъироне, ки дорои ин чаҳор сифатанд, ҳадафи онҳо танҳо шеърнависӣ нест, балки ҳадафи онҳо тарғиби суханҳои илоҳӣ, тарғиби суханҳои Расулуллоҳ, даъват ба роҳи рост, даъват ба сӯйи накӯкорӣ, даъват ба ислоҳи ахлоқи инсонҳо аст. Аммо шоъирону золимоне, ки бо дину диёнат ва бо аҳли Ҳаққ зидданду бардурӯғ шеърҳо менависанд, ба зуддӣ, яъне баъди марг, вақте, ки бо Парвардигор мулоқот мекунанд, бо ҳазорҳо афсӯсу надомат, дар бошишгоҳи пурдарду пурҳасрат худро хоҳанд дид.
Акнун чанд ҳадис барои эзоҳи ин оят. Чун ояти 224-ум нозил шуд, шоъирони он аср, аз ҷумла Ҳассон ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Равоҳа, Каъб ибни Молик (р) гирякунон назди Расулаллоҳ (с) омада гуфтанд: «Вақто ки Худованд ин оятро нозил кард, Ӯ таъоло медонист, ки мо шоирем, пас вой бар ҳоли мо!». Дар ин ҳангом Расулаллоҳ (с) ояти 227-уми ҳамин сураро тиловат кард ва фармуд: “Муъминони шоистакор ва Худовандро бисёр зикр мекардагӣ, шумо ва амсоли шумо ҳастед, ки дар ин оят мавриди истисно қарор гирифтед.” Дар дигар ҳадис омадааст: “Шеър ҳам, монанди сухан аст, хубаш хуб аст, қубҳаш мисли сухани қубҳ аст.”
Дар дигар ҳадис омадааст, ки Расулаллоҳ (с) ба Ҳассон (р) фармуд: «Душманони исломро ҳаҷв кун! Ҷабраил бо туст!». Ин аст фарқ байни шоирони Раҳмонӣ ва шоирони шайтонӣ.
Мақсуд аз шеър агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси Пайғамбарист!
(Иқбол)
Валлоҳу аълам. Поёни сураи «Шуъаро» ва лиллоҳи-л-ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «