Сураи Шуъаро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуъаро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шуъаро Ояти 6

فَقَدۡ كَذَّبُوۡا فَسَيَاۡتِيۡهِمۡ اَنۡۢـبٰٓــؤُا مَا كَانُوۡا بِهٖ يَسۡتَهۡزِءُوۡنَ ٦

Фақад каззабу фа саяътӣҳим анбау ма кану биҳӣ ястаҳзиун. 6.

6. Пас, собит шуд, ки онҳо дурӯғ шумориданд, пас, хабари он чӣ ки ба он тамасхур мекарданд, ба онҳо хоҳад омад.

Мушрикони он давр муъҷиза будани Қуръонро қабул надошта, аз Расулаллоҳ (с) муъҷизаи моддӣ пурсиданд, ҳол он ки рӯйи замин барои инсоне, ки тафаккур кунад, аз чунин муъҷизаҳои моддӣ пур аст. Албатта, ин як навъи тамасхуре буд аз ҷониби онҳо дар шаъни Қуръон.

Хулоса, бо ин баҳона мушрикон ба рисолати Пайғамбар (с) ва ба муъҷиза будани Қуръон бо чашми тамасхур нигаристанду имон наоварданд. Дар давоми оят Худовнад фармудааст, ки хабари он чӣ, ки изтеҳзо карданд, чӣ дар дунё ва чӣ дар охират барои онҳо ба зудӣ меояд ва он азоберо, ки барои онҳо дар ивази истеҳзо ба Қуръон таъин шудааст, мечашанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шуъаро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шуъаро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шуъаро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)