Сураи Шӯро Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 10

وَمَا اخۡتَلَـفۡتُمۡ فِيۡهِ مِنۡ شَىۡءٍ فَحُكۡمُهٗۤ اِلَى اللّٰهِ‌ ؕ ذٰلِكُمُ اللّٰهُ رَبِّىۡ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُۖ وَاِلَيۡهِ اُنِيۡبُ ١٠

Ва махталафтум фӣҳи мин шай-ин фа ҳукмуҳу илаллоҳ. заликумуллоҳу Раббӣ ъалайҳи таваккалту ва илайҳи унӣб. 10.

10. Ва ҳар он чӣ ки дар он ихтилоф мекунед, пас, ҳукми он ба сӯи Аллоҳ ҳавола аст. Ин аст Аллоҳ Парвардигори ман, бар Ӯ таваккул кардам ва ба сӯи Ӯ руҷӯъ мекунам.

Аллоҳ таъоло зимни ояти мазкур ҳабиби Худ (с)-ро мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), ба муъминон бигӯ, ки он чи шумо сари он ихтилоф доред, хоҳ амри дину дунё ва хоҳ аҳкоми ибодату хоҳ масъалаи муомилот бошад ҳукм (файсал)-и онро ба Аллоҳ таъоло ҳавола кунед. Он чи доир ба ин масъала дар китоби Раббонӣ ё сунати Расули Ӯ (с) ҳукм шудааст, ҳамонро Қобили Қабул донед. Зеро Аллоҳ таъоло воҳид асту тавоно. Ӯ Зоте аст, ки рӯзи Қиёмат мурдагонро бори дигар зинда мегардонад, он ихтилофҳое, ки байнатон доред, барои онҳо ҳукми одилона мекунад. Ҳамон ҳукмкунандаи одил Парвардигори ман аст. Дар ҷамиъи корҳои худ танҳо ба Ӯ эътимод мекунам. Ҳангоми мушкилиҳо фақат ба ҳамин Зот таваккал намуда, руҷӯъ (бозгашт) мекунам. Хосса ёриро аз Ӯ мепурсам, барои лағжишҳои худ хосса ба даргоҳи Ӯ тавба мекунам.

Барои Расулуллоҳ (с)-ро пайравӣ намудан, мазмуни ояти мазкур барои соҳиби хирад дарси ибрат аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)