Тафсири Сураи Шуро Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Шӯро Ояти 11
فَاطِرُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِؕ جَعَلَ لَـكُمۡ مِّنۡ اَنۡفُسِكُمۡ اَزۡوَاجًا وَّ مِنَ الۡاَنۡعَامِ اَزۡوَاجًا ۚ يَذۡرَؤُكُمۡ فِيۡهِ ؕ لَيۡسَ كَمِثۡلِهٖ شَىۡءٌ ۚ وَهُوَ السَّمِيۡعُ الۡبَصِيۡرُ ١١
Фатиру-с-самавати ва-л-арЗ. Ҷаъала лакум-м мин анфусикум азваҷа-в ва мина-л-анъами азваҷа-й язраукум фӣҳ. Лайса камислиҳӣ шай-ув ва Ҳува-с Самӣъу-л-Басӣр. 11.
11. Офарандаи осмонҳо ва Замин аст, барои шумо аз ҷинси шумо ҷуфтҳо офарид. Ва аз чаҳорпоён низ ҷуфтҳо падид овард. Ба ин тадбири завҷият, шуморо пароканда ва бисёр месозад. Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯст шунавою бино.
Баробари ин, Аллоҳи бузургу тавоно бо Қудрати Худ махлуқоти бузургро, яъне осмонҳо ва Заминро бе дидану доштани нусхаи аввал биёфарид. Аллоҳ таъоло соҳиби Қудрат (тавоноӣ) буда, барои мардон миннат ниҳода, аз ҷинси онҳо ҷуфти онҳоро, яъне занонро офарид, ки ин барои мардон як неъмати бузург аст. Дар баробари ин, Аллоҳ таъоло аз рӯи лутфу карами Худ барои инсонҳо чаҳорпоёнро бо шаклҳои гуногун халқ намуд. Инсонҳо метавонанд онҳоро дар умури рӯзгори худ барои иҷрои шуғлҳои мухталиф ва ҳамчунин барои ғизо мавриди истифода Қарор бидиҳанд. Онҳоро низ, Аллоҳ таъоло аз рӯи ҷинс ҷуфт-ҷуфт офарид, то насли онҳо боқӣ монаду афзун шавад. Агар онҳоро ҷуфт намеофарид, он гоҳ на чунин мебуд, ки имрӯз ҳаст.
Аллоҳ таъоло дар ҷамиъи сифатҳои Худ ва дар тадбири офаридани махлуқоти Худ ягона буда, монанд надораду ҳангоми офаридани чизе муҳтоҷ ба нусхаи аввал ҳам нест.
Хулоса, дар чунин тадбирҳо мар Аллоҳ таъолоро ҳеҷ чиз монанд нест, на мар Ӯро рафиқ асту на ҳамсару фарзанд. Ӯ таъоло аз ҳамаи ин чизҳо беҳоҷат аст. Ӯ шунавандаи тамоми суханҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагон аст. Ҳамчунин тамоми корҳои онҳоро бинанда аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «