Сураи Шӯро Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Шуро Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Шӯро Ояти 9

اَمِ اتَّخَذُوۡا مِنۡ دُوۡنِهٖۤ اَوۡلِيَآءَ‌ۚ فَاللّٰهُ هُوَ الۡوَلِىُّ وَهُوَ يُحۡىِ الۡمَوۡتٰى وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ قَدِيۡرٌ ٩

Амиттахазу мин дуниҳи авлийаъ. Фаллоҳу Ҳува-л-валийю ва Ҳува юҳйи-л-мавта ва Ҳува ъала кулли шай-ин Қадӣр. 9.

9. Оё ба ғайри Аллоҳ корсозон гирифтанд? Пас ҳамоно, Аллоҳ Ӯст корсоз ва Ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва Ӯ бар ҳар чиз тавоно аст.

Бо ин саволи инкорӣ Аллоҳтаъоло фармудааст, ки оё ба ҷуз Аллоҳ касеро ва ё чизеро дӯсту ёр гирифта, аз онҳо ёрию шафоъат мепурсед? Агар ҳа, пас бидонед, ки шумо мушрик ҳастед. Агар мададгоре гирифтан мехоҳед, хос Аллоҳро бигиред. Аллоҳ ба танҳоии Худ дӯсту нусратдиҳандаи шумост. Танҳо корсоз Ӯ таъолост, ки ҳама корҳоро файсалаву дуруст сохта, ҳатто Қодир аст мурдагонро дар рӯзи Қиёмат зинда гардонад. Аллоҳ таъоло ба ҳама кор тавоност ва ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз гардонида наметавонад. Аммо он бутҳое, ки мепарастед, на суд оварда метавонанд ва на Қаҳру на ғазабе доранд. Ҳақ он аст, ки танҳо Аллоҳ таъолоро дӯсту корсоз интихоб карда шавад, на ғайри Ӯро.


Рӯйхати оятҳои Сураи Шӯро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Шӯро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Шӯро Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)