Тафсири Сураи Сод Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 17
اِصۡبِرۡ عَلٰى مَا يَقُوۡلُوۡنَ وَاذۡكُرۡ عَبۡدَنَا دَاوٗدَ ذَا الۡاَيۡدِۚ اِنَّـهٗۤ اَوَّابٌ ١٧
Исбир ъала ма яқулуна вазкур ъабдана Давуда за-л айди иннаҳу авваб. 17.
17. Бар ҳар чӣ (мушрикон) мегӯянд, сабр кун ва бандаи Мо Довудро, ки соҳиби Қувват буд, ёд кун! Ба дурустӣ ки ӯ ниҳоят (ба мо) руҷӯъкунанда буд.
Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло ба чунин оятҳо Ҳабиби Худ (с)-ро, ки аз шунидани суханони беҳуда ва таҳқиромези мушрикон ранҷ мекашиданд, рӯҳбаланд сохта барои тасаллии Расул (с) аз саргузашти пайғамбарони бузурги пешгузашта мисли Довуд (а) ва амсоли ӯро нақл намуда фармудааст, ки ба он пайғамбарони гузашта низ аз мухолифонашон изову аламҳои сахт расида буд, вале онҳо сабрро пеша намуданд. Дар охир оқибати корашон хеле хуб шуд.
Дар ҳошияи «Тафсири Ҷалолайн» Ас-Совӣ овардааст, ки Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро ба сабр даъват намудааст. Ин гуна фармоиш барои ӯ (с) тасаллӣ ва барои кофироне, ки дини ӯ (с)-ро хоҳон нестанд, таҳдид аст. Ба хусус дар давоми оят фармудааст, ки бандаи бисёр зокиру собир дар ибодату илму амал ва ҷисман бо Қувват Довуд (а)-ро ба ёд ор. Зеро ӯ (а) як рӯз рӯза медошт ва як рӯз ифтор менамуд. Доимо нисфи шаб бедор буданро одат дошт. Бисёр тоаткунандаву ба сӯи Аллоҳтаъоло дар ҳар муомила ҳамеша руҷӯъкунанда буд. Довуд (а) дар замони салтанати Толут дар набарди муқаддас Ҷолуту мухолифони худро шикаст дода бо машварати Толут ҳукуматро гирифт.
Дар ривоят омада, ки Довуд (а) бозуи пурқувват дошт. Оҳан дар дасти ӯ (а) нарм мегардид. Ё шояд мурод ин аст, ки ҳарчанд Он ҳазрат (с) соҳиби салтанат буд, бо вуҷуди ин барои иҷрои вазифаи худ маъош намегирифт балки ризқи хешро аз касбу Қуввати бозуи нерӯманди худ пайдо мекард. Эзоҳи сифатҳои волои Довуд (а) дар оятҳои зерин, идома доранд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «