Сураи Сод Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 16

وَقَالُوۡا رَبَّنَا عَجِّلْ لَّنَا قِطَّنَا قَبۡلَ يَوۡمِ الۡحِسَابِ ١٦

Ва Қолу Раббана ъаҷҷи-л лана Қиттана Қабла явми-л-ҳисаб. 16.

16. Ва (бо истеҳзо) гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, зуд насиби моро (чи ки бошад) пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба мо бидеҳ!».

Яъне мушрикони бадтинат чун ваъдаи омадани рӯзи Қиёматро аз Расулуллоҳ (с) мешуниданд, ба ҷои пушаймонию ҳидоят пурсидан бо масхара аз Аллоҳтаъоло азоби таъҷилӣ пурсида мегуфтанд, ки ай Парвардигори мо, агар дар ҳақиқат Муҳаммад ростгӯй бошад, азоби худро фавран барои мо биёр, то пеш аз омадани рӯзи Қиёмат номаҳои аъмолу мукофоту муҷозоти худро бинему халос шавем. Шояд Расулуллоҳ аз шунидани чунин суханҳои мушрикон нороҳат шуданд, Ҳоло барои таскини Ҳабиби Ҳуд (с) ва таҳдиди кофирон Аллоҳтаъоло ояти зерро нозил намуда дар он фармуд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)