Тафсири Сураи Сод Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 20
وَشَدَدۡنَا مُلۡكَهٗ وَاٰتَيۡنٰهُ الۡحِكۡمَةَ وَفَصۡلَ الۡخِطَابِ ٢٠
Ва шададна мулкаҳу ва атайнаҳу-л-ҳикмата ва фасла-л-хитаб. 20.
20. Ва подшоҳии ӯро маҳкам кардем ва ӯро ҳикмат ва суханони файсалкунандаи ошкор додем.
Зимни оятҳои мазкур Аллоҳтаъоло сифатҳои шоёни Довуд (а)-ро баён намуда фармудааст, ки мо кӯҳҳои бузурги осмонбӯсро барои Довуд (а) мусаххар гардонидем. Ҳар гоҳе, ки (субҳу шом) Он ҳазрат (а) бо овози хуш ба тиловати Забур ё гуфтани тасбеҳ машғул мегардид, кӯҳҳо низ ҳамроҳи ӯ (а) барои тасбеҳ садои Худро баланд мекарданд. Ин яке аз мӯъҷизаҳое буд, ки Аллоҳтаъоло ба Довуд (а) арзонӣ фармуда буд. Ояти 79-уми сураи «Сабо» ин мазмунро таъкид намудааст.
Ҳамчунин паррандагон низ ба Он ҳазрат (а) мусаххар буданд. Ҳангоми Забур хондани Довуд (а) аз овози хуши ӯ (а) илҳом гирифта, бо ҳамроҳии ӯ (а) якҷоя тасбеҳ мегуфтанд. Албатта, мурғону паррандагон бо забоне, ки Аллоҳ барои онҳо хос гардонидааст, зикри Парвардигорро бе ин ҳам ба ҷо меоварданд. Ибни Касир ин маъноро дар тафсири худ баён намуда, мегӯяд, ки кӯҳҳо ва паррандагон, вақто ки тасбеҳи Довуд (а)-ро мешуниданд, тобеи ӯ (а) шуда мисли тасбеҳи Довуд (а) тасбеҳ мегуфтанд.
Илова бар ин, Аллоҳтаъоло ба ӯ (а) неъматҳои дигареро чун Қуввати нигоҳ доштани мулку салтанат, лашкари афзун бо навъҳои мухталиф яроқу аслиҳа арзонӣ фармуда, иқтидору Қудраташро устувор гардонида буд. Инчунин Аллоҳтаъоло ӯ (а)-ро бисёр мудаббиру доно гардонида буд, ки ҳама масъаларо бо ҳикмат ва бо камоли хубӣ файсала менамуду ҷавоби Қаноатбахш медод.
Инчунин Ӯ таъоло санъатии хитоб (фаҳмо сухан гуфтан)-ро ба ӯ (а) арзонӣ намуда буд. Ҳама ҳарфи ӯ (а)-ро мефаҳмиданд, аз ҳукми ӯ (а) розӣ буданд, касе аз вай норозӣ бозпас намерафт. Бо вуҷуди он, чуноне ки дар ояти зер Аллоҳтаъоло ба Расулуллоҳ (с) хабар додааст, Довуд (а) низ аз имтиҳони Илоҳӣ барканор намонд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «