Сураи Сод Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 22

اِذۡ دَخَلُوۡا عَلٰى دَاوٗدَ فَفَزِعَ مِنۡهُمۡ‌ قَالُوۡا لَا تَخَفۡ‌ۚ خَصۡمٰنِ بَغٰى بَعۡضُنَا عَلٰى بَعۡضٍ فَاحۡكُمۡ بَيۡنَنَا بِالۡحَقِّ وَلَا تُشۡطِطۡ وَاهۡدِنَاۤ اِلٰى سَوَآءِ الصِّرَاطِ‏ ٢٢

Из дахалу ъала Давуда фа фазиъа минҳум. Қолу ла тахаф. Хасмани баға баъЗуна ъала баъЗин фаҳкум байнана би-л-ҳаққи ва ла туштит ваҳдина ила саваи-с сирот. 22.

22. Чун бар Довуд даромаданд, пас, ӯ аз онҳо тарсид. Онҳо гуфтанд: «Матарс, мо ду хусуматкунандаем, баъзеи мо бар баъзе таҷовуз кардааст, пас, миёни мо бо инсоф ҳукм кун ва аз ҳақ таҷовуз макун ва моро ба роҳи рост далолат кун!

Хонандаи арҷманд! Пеш аз он, ки шуморо ба низои он ду хасмкунанда ва ҳалли он Қазия ошно созем, мехоҳем дар бораи саргузашти Довуд (а), ки дар китобҳои гуногун нақлҳои раду нақиз ба чашм мехурад ба тарафдории Пайғамбари Аллоҳ сухане чанд гӯем, зеро сари масъалаи ақидавӣ сухан меравад. Дуъо мекунем Аллоҳтаъоло ақидаи мо ва хонандаи ин китобро дар Ислом мисли оби такшиншуда беғубор гардонад. Омин!

Хонандаи ҳушманд! Бояд бидонӣ, ки доир ба саргузашти Довуд (а) муфассирон ду гурӯҳанд. Гурӯҳи аввал дар муайян намудани саргузашт ва зиндагиномаи Довуд (а) аз Қиссаҳои насрониён ва яҳудиён, яъне исроилиёт бисёр истифода кардаанд. Дар он нақлҳо ба Довуд (а) сифат ва амалҳои аз нуқтаи ахлоқӣ нораво нисбат дода шудааст. Ҳазрати Алӣ (к), барои ҳар касе, ки дар бораи Довуд (а) ин Қиссаҳои аз исроилиёт гирифташударо нақл мекард, ҳукм баровард то он шахсро чанд даррае бизанад. Аз ин рӯ, ҳатто аз иқтибоси ин Қиссаҳо худдорӣ менамоем.

Гурӯҳи дуюми муфассирон ин гуна Қиссаро дар ҳаққи Довуд (а) бӯҳтон ҳисобида, онро хатои маҳз донистаанд. Онҳо хулоса карданд, ки ин Қиссаҳо аз исроилиёт нақл шудааст ба сифатҳои Довуд (а) дуруст намеояд.

Дар ҳақиқат ақидаи гурӯҳи аввал санади саҳеҳ надорад, ба он эътимод нашояд, зеро ақидаи гурӯҳи аввал, зидди ақидаи Ислом аст. Ба ин хотир ки аҳли Ислом хусусан аҳли суннат ва ҷамоъат мегӯянд: «Ҳамаи пайғамбарон (а) аз гуноҳи сағира ва кабира маъсум (пок) мебошанд». Ҳар он чи сари ин масъала дар Қуръон омадааст, фақат ҳамон саҳеҳ аст, на ғайри он. Қозӣ Байзовӣ (р), ки тафсири ӯ бисёр машҳур асту дар Осиёи Марказӣ эътибору нуфузи зиёде дорад, дар тафсири худ низ Қиссаҳои исроилиётро дар ҳаққи Довуд (а) «Бӯҳтон ва сухани бофташуда» номидааст. Қавли саҳеҳтарин ва боварибахштарин, Қавли пешвоёни муфассирон, Қавли олимони варзида ва муҳаққиқи исломӣ аст. Онҳо дар тафсири ояти 21 ва 22 гуфтаанд: «Довуд (а) рӯзҳоро ба се Қисм тақсим намуда буд. Дар яке аз ин рӯзҳо ба кори мамлакатдорӣ ва суолу ҷавоби раъияти кишвараш машғул мешуд. Баъзе аз ин рӯзҳоро барои тиловати Забур ва тоату ибодат дар меҳроби хосааш ҷудо карда буд. Дигар рӯзҳоро бо аҳлу аёли худ мегузаронид. Одати Он ҳазрат (а) ин буд, ки чун баҳри тасбеҳу таҳлил ва муноҷот вориди меҳроб мешуд, хилватро ихтиёр мекард, то худ аз он хориҷ намешуд, ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ба он ҷо дохил шавад. Пас, дар рӯзе аз чунин рӯзҳо, вақто, ки Довуд (а) ба ибодат машғул буд, ногаҳ ду шахси ношиноси низоъкунанда, ғайриоддӣ, бе иҷозат, на аз даромадгоҳ балки аз сари девор ҳамчу шахсони ғоратгар чунон бо шитоб, ҷаҳида дохили масҷид шуданд, ки Довуд (а) дар ҳарос шуда ба худ андешид. Оё инҳо инсонанд ё махлуқи дигар? Воридшудагон ҳоли Довуд (а)-ро пай бурда, ба ором кардани Он ҳазрат (а) пардохтанд ва гуфтанд, ки аз мо матарс, мо ба ҳам дар коре низоъ дорем. Баъзеи мо бар баъзе таҷовузро раво дидааст. Назди ту ба он мақсад омадем, ки байни мо рӯйи инсофу адолат ҳукм кунӣ ва ҳақро ба ҳақдор бирасонӣ ва ба ҳеҷ кадоми мо зулм воқеъ нашавад. Аз ҳукми ту ҳардуи мо ба роҳи рост ҳидоят шавему аз ту розӣ берун равем.»

Ҳоло бармегардем сари моҷарои он ду хасмкунанда. Рӯйи ба оятҳои зерин меоварем, то он ду хасмкунанда чӣ мегӯянд?:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)