Сураи Сод Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 23

اِنَّ هٰذَاۤ اَخِىۡ لَهٗ تِسۡعٌ وَّتِسۡعُوۡنَ نَعۡجَةً وَّلِىَ نَعۡجَةٌ وَّاحِدَةٌ فَقَالَ اَكۡفِلۡنِيۡهَا وَعَزَّنِىۡ فِى الۡخِطَابِ ٢٣

Инна ҳаза ахӣ лаҳу тисъу-в ва тисъуна наъҷата-в ва лия наъҷату-в ваҳидатун фа Қола акфилнӣҳа ва ъаззанӣ фи-л-хитаб. 23.

23. Ба дурустӣ ки ин бародари ман аст, ки ӯро наваду нуҳ меш аст ва маро як меш, пас, (ин бародар) мегӯяд, ки он як мешро ҳам ба ман бисупор ва дар сухан ҳам ғалаба дорад».

Пас аз ором намудани Довуд (а) яке аз онҳо гуфт, ки ин бародари ман 99 меш дорад ва ман бошам соҳиби як меш ҳастам. Ӯ ин як меши маро мехоҳад аз ман гираду мешҳои худро ба 100 сар бирасонад ва ҳамчунон ки дар мол аз ман бартарӣ дорад, дар зӯру тавоноӣ ҳам аз ман боло аст. Ҳар вақто сухан гӯяд, албатта, маро мағлубу мулзам месозад. Агар мардум ба ин моҷарои мо гӯш андозанд, сухани ӯро мувофиқ медонанд.

Довуд (а) пеш аз он, ки аз бародари вай ягон ҳуҷҷат пурсад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)