Тафсири Сураи Сод Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 30
وَوَهَبۡنَا لِدَاوٗدَ سُلَيۡمٰنَ ؕ نِعۡمَ الۡعَبۡدُ ؕ اِنَّـهٗۤ اَوَّابٌ ٣٠
Ва ваҳабна ли Давуда Сулайман. Ниъма-л-ъабду иннаҳу авваб. 30.
30. Ва ба Довуд Сулаймонро додем, Сулаймон бандаи некӯ буд, ба дурустӣ ки ӯ бисёр руҷӯъкунанда буд.
Аллоҳтаъоло мефармояд, ки Мо ба Довуд (а) писаре додем бо ном Сулаймон (а). Албатта, ин ризқу неъмати хубест, ки Аллоҳ ба пайғамбари худ боз фарзанде дод, ки ӯ (а) низ пайғамбар аст. Ӯ (а) дар ҳақиқат фарзанди солеҳу ба даргоҳи Илоҳӣ бисёр тавбакунанда ва бандагии Худоро бо камоли ҳастияш баҷооранда буд. Яъне, чунон ки Аллоҳтаъоло ба ҳазрати Довуд (а) ҳам пайғамбарӣ ва ҳам султонӣ дода буд, ба Сулаймон (а) низ, чуноне, ки аз оятҳои баъдӣ маълум мешавад, ин ду неъматро ато фармуда буд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «