Сураи Сод Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 29

كِتٰبٌ اَنۡزَلۡنٰهُ اِلَيۡكَ مُبٰرَكٌ لِّيَدَّبَّرُوۡۤا اٰيٰتِهٖ وَلِيَتَذَكَّرَ اُولُوا الۡاَلۡبَابِ ٢٩

Китабун анзалнаҳу илайка мубараку-л ли яддаббару айатиҳӣ ва ли ятазаккара улу-л-албаб. 29.

29. Ин Китоб муборак аст, ки онро ба сӯи ту фурӯ фиристодем, то мардум дар оёти Ӯ андеша кунанд ва то соҳибони ақлу дониш бифаҳманду панд гиранд.

Чун ғояту мақсад аз нузули Қуръон амалу тафаккуру тадаббур буд, бинобар ин, Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), ин китобе, ки барои ту фуруд овардем, хеле муборак аст. Ин китобро барои он фуруд овардем, ки соҳибони ақлу дониш дар бораи оятҳои он тадаббуру тафаккур кунанд, асрори аҷибу ҳикматҳои ҷалилу бузурги он дарк кунанд ва ҳамчу соҳибони хирад аз он панд гиранду амал кунанд.

Дар ҳақиқат, Қуръон ниҳоят китоби писандида буда, барои ҳидояти мардум нозил шудааст. Агарчи мардум намедонистанд, вале ин китоби инсонсоз дар замоне нозил шуд, ки мардум ба чунин як дастури зиндагӣ беҳад муҳтоҷ буданд.

Хонандаи каломи Раббонӣ, лаҳзае Имом Ҳасани Басрӣ (раз.) ро бишнавем. Ӯ (р) мегӯяд: «Баъзе инсон савганд хӯрда мегӯяд: «Ман чунон Қуръонро хондам, ки ҳатто як ҳарфаш аз ман соқит нашуд. Ҳол он ки ҳамаашро соқит кардааст. Зеро на дар худи ӯ ва на дар рафтори ӯ асари Қуръон нест. Валлоҳи Қасам, оятҳои Қуръон агар ҳифзу ҷарангоси савту садо шаваду ҳудуди он зоеъ шавад, ин тадаббури Қуръон нест».

Худоё, моро аз ҷумлаи шахсоне гардон, ки Қуръонро бо тадаббур хонандаву ба он чи дар он ҳаст амалкунанда бошем!

Баъди Қиссаи ҳазрати Довуд (а) аз мақому мартабаи Қуръон сухан рафт ва лаҳзае таваҷҷӯҳи мо ба ёди охират ҷалб карда шуд. Инак, сухан аз ҳазрати Сулаймон ибни Довуд (а) ба ояти зер оғоз мешавад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)