Тафсири Сураи Сод Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 4
وَعَجِبُوۡۤا اَنۡ جَآءَهُمۡ مُّنۡذِرٌ مِّنۡهُمۡۖ وَقَالَ الۡكٰفِرُوۡنَ هٰذَا سٰحِرٌ كَذَّابٌ ٤
Ва ъаҷибу ан ҷааҳум-м мунзиру-м минҳум. Ва Қола-л-кафируна ҳаза саҳирун каззаб. 4.
4. Ва аз он, ки бар онҳо аз Қавми худашон тарсонандае биёмад, тааҷҷуб карданд ва кофирон гуфтанд: «Ин шахс ҷодугару бисёр дурӯғгӯй аст».
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур аз рафтори мушрикони Макка, чунин хабар додааст, ки онҳо аз шунидани хабари ба шарафи пайғамбарӣ ноил шудани Муҳаммад (с) бисёр ба тааҷҷуб омада гуфтанд, ки агар аз осмон фариштае дар сурати расули Аллоҳ нозил мешуд, мумкин буд, ки мо онро Қабул мекардем. Аммо ту бошӣ мисли мо инсон ҳастӣ, чӣ хел мо туро ҳамчун фиристодаи Аллоҳ пазиро бошем? Мехоҳӣ исбот кунӣ, ки туро Аллоҳ ба сӯи мо фиристодаасту, моро тарсу бим медиҳӣ? Гоҳо ба тарсонидану таҳдиди мо мегузарӣ. Мегӯӣ маро Аллоҳ барои даъвати шумо фиристодааст. Барои тасдиқи гуфтаҳои худ як-ду ҳарфи шеърмонандро ба гӯши мо мехонӣ ва мегӯӣ ин сухани Аллоҳ аст. Сеҳру (ҷоду) ҳилаҳои худро нишон дода, онро муъҷизаи Илоҳӣ мегӯӣ?
Боз ин бадбахтон дар суханҳои куфронаи худ фурӯтар рафта, ба Расулуллоҳ гуфтанд, ки ай Муҳаммад, мо туро чӣ хел пазиро бошем, ки ту бисёр дурӯғгӯ ҳастӣ ва дар дурӯғ гуфтан бисёр муболиға менамоӣ??!
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «