Сураи Сод Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 3

كَمۡ اَهۡلَـكۡنَا مِنۡ قَبۡلِهِمۡ مِّنۡ قَرۡنٍ فَنَادَوْا وَّلَاتَ حِيۡنَ مَنَاصٍ ٣

Кам аҳлакна мин Қаблиҳим-м мин Қарнин фа нада-в ва лата ҳӣна манас. 3.

3. Бисёр гурӯҳҳоеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҳалок сохтем, пас, фарёд(-и пушаймони) бароварданд, вале он вақт ҳангоми халосӣ(-и онҳо аз азоб) набуд.

Барои аҳли Макка ин оят валлоҳу аълам, ҳам таҳдидасту ҳам ваъид. Аллоҳтаъоло мефармояд, ки дар асрҳои гузашта ҳам, мисли кофирони Макка бисёр гурӯҳҳои саркаше буданд, ки дар муқобили анбиё (а) туғён варзиданду мухолифат намуданд. Онҳо то охирин лаҳза ба худ наомаданду аз муқобила ба ҳақ даст накашиданд. Бадбахтона, азоби ваъдашуда бар сарашон омад. Онҳо ҳангоме нолаву зорӣ намуданд, ки вақти зориву тавба гузашта буд. Яъне онҳо азобу ҳалокашонро яқин пай бурданд. Назди Аллоҳ зораву тавалло намуда аз азоб халосӣ ҷустанд, вале ин ба онҳо ҳеҷ суде набахшид ва ҳамаи онҳо ба боди фано рафтанду дигар паноҳгоҳу роҳи наҷот барои онҳо боқӣ намонд.

Бадбахтии дигари онҳо дар он буд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)