Сураи Сод Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 47

وَاِنَّهُمۡ عِنۡدَنَا لَمِنَ الۡمُصۡطَفَيۡنَ الۡاَخۡيَارِؕ‏ ٤٧

Ва иннаҳум ъиндана ламина-л мустафайна-л-ахйар. 47.

47. Ва албатта, онҳо назди Мо аз (ҷумлаи) баргузидагону некон буданд.

Аллоҳтаъоло анбиёи мазкурро бо чунин хислатҳои ҳамидаи бо ҳам якранг (монанд) имтиёз фармуда буд, ки ҳеҷ нафар на дар ибодат, на дар зикри Аллоҳ ва на дар ёд овардани охират ба онҳо баробар шуда наметавонист. Ин як мартабаи хосе аст, ки Аллоҳтаъоло ба пайғамбарон арзонӣ фармудааст. Хислати анбиё (а) аст, ки ба дунё чандон илтифот надоранд, доимо дар фикри охирату ободии вай мекӯшанд. Онҳо ғами рушди динро дар дӯш доштанд, ки ин як дарсу ибрати хубест барои пайравони онҳо, ки сарои охиратро ба ёд меорад.

Ба таъкид мақому мартабаи онҳоро Аллоҳтаъоло ба ояти 47-ум маълум намуда, мефармояд, ки ин ҷамоаи анбиё (а) аз миёни мардум ҳамчу шахсони мухтору покиза ихтиёр карда шудаанд, ки онҳо беҳтарин инсонҳоянд. Албатта, шахсеро Аллоҳтаъоло аз байни мардум ихтиёр кунаду ваҳйи Худро барои роҳнамоии мардум ба ӯ фиристад, ногуфта маълум аст, ки ӯ назди Аллоҳтаъоло чунон мартабаи олие дорад, ки касе ғайри ӯ надорад.

Қиссаи ин се пайғамбар ба тарзи кӯтоҳ бо услуби ин сура ба поён расид ва Қиссаи дигар пайғамбарон, иншоаллоҳ, мухтасаран дар оятҳои зер ёд мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)