Сураи Сод Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сод Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сод Ояти 68

أَنتُمۡ عَنۡهُ مُعۡرِضُونَ ٦٨

Антум ъанҳу муъриЗун. 68.

68. Ки шумо аз он рӯй гардондаед.

Тафсири хабари бузургро муфассирони киром ҳар гуна эзоҳ додаанд. Баъзе аз онҳо мурод аз хабари бузург Қуръонро донистаанд, баъзе аз онҳо рисолати Пайғамбари Аллоҳ (с)-ро дар назар доранд. Гурӯҳи дигаре Қиёмату аҳволи вайро ишора кардаанд.

Ба ҳар тақдир, Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур (боз Худованд донотар аст) мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), ба мушрикон бигӯ, ки Қуръоне, ки барои ҳидояти оммаи мардум бар ман нозил шудаасту ман амри Илоҳиро аз он, ба шумо мефаҳмонам, он як сухани оддӣ набуда балки як хабари бузург аст. Аммо шумо моҳияту бузургии он хабари бузургро нафаҳмидед, чунон рафтор мекунед, ки гӯё дар оянда назди шумо на ҳисоб асту на китоб, на савоб асту на иқоб, ҳатто аз шунидани чунин сухан рӯй мегардонед ва ба он таваҷҷӯҳе ҳам зоҳир намекунед. Чизе ба шумо аз он хабари бузург гуфта шавад, баҷои панд гирифтан ба мазоҳ мепардозед. Афсӯс, ки шумо намефаҳмед, суолҳои таҳқиромез медиҳед, ки «Он растохез кай меояд», «Чаро он ин Қадар дер меояд?», «Чаро ба таъҷил намеояд?» ва… Чуноне ки аз оятҳои гузашта инкору тамасхури кофирону мушрикон ба мо маълум гардид, ҳамчунин барои радди ақидаи онҳо як силсила оятҳои зерин нозил шуданд.

Аз он ҷумла, ояти зер барои ба худ омадани он бадбахтон бар зидди онҳо, иншоаллоҳ сухан мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сод Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сод Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)