Тафсири Сураи Сод Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 69
مَا كَانَ لِىَ مِنۡ عِلۡمٍۢ بِالۡمَلَاِ الۡاَعۡلٰٓى اِذۡ يَخۡتَصِمُوۡنَ ٦٩
Ма кана лия мин ъилмин би-л-малаи-л аъла из яхтасимун. 69.
69. Маро ба ҳоли ин ҷамоъати баландқадри аз фариштагон, чун бо ҳам (дар шаъни Одам) гуфтушунид мекунанд, ҳеҷ ъилме нест.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло барои фаҳмонидани кофирону мушрикон Ҳабиби Худ (с)-ро мефармояд, то ба онҳо бигӯяд, ки ин суханҳое, ки ба шумо мегӯяму он хабари бузургро ба шумо мефаҳмонам, агар ваҳйи Илоҳӣ набошанд, пас аз куҷо гуфтугӯи олами болоро медонам? Яъне аз куҷо ҳоли Одам (а) ва пайдоиши ӯ ва саҷда накардани шайтонро медонам?
Хулоса, байни бошандагони олами боло барои тадбири маҳлуқоти олам гуфтугӯҳо мегузарад ва ба Расулуллоҳ (с) хабари онҳо меояд. Ӯ (с) (ба инсонҳо) хабар медиҳад. Аз назди худ, чуноне, ки дар оятҳои зер омадааст, ҳеҷ гоҳ чизе набофтаву нагуфтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «