Тафсири Сураи Сод Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 81
اِلٰى يَوۡمِ الۡوَقۡتِ الۡمَعۡلُوۡمِ ٨١
Ила явми-л-вақти-л маълум. 81.
81. То (он) рӯзи вақти маълум».
Хонандаи мухлису ҳушёр, туро аз ин атои Аллоҳтаъоло ба шайтон таъаҷҷубат наояд, зеро дунё назди Аллоҳтаъоло Қадре надорад. Ӯро ба дӯсти Худ ҳам медиҳад, ба душмани Худ ҳам. Аммо охирату некӯии онро фақат ба дӯстони худ медиҳад. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло дархости шайтонро рад накард ва гуфт, ки ту то рӯзи маълум аз ҷумлаи бандагони муҳлат дода шуда ҳастӣ. Он рӯзи маълум дамидани сури аввал аст, ки ба дамидани он ҳастии тамоми махлуқот ва кори шайтон ба охир мерасад, дигар барои ӯ муҳлат нест!
Шайтон ин нидои Аллоҳро шуниду гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «