Тафсири Сураи Сод Ояти 88 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сод Ояти 88
وَلَتَعۡلَمُنَّ نَبَاَهٗ بَعۡدَ حِيۡنِ ٨٨
Ва ла таъламунна набааҳу баъда ҳӣн. 88.
88. Ва албатта, баъд аз замоне хабари сидқи онро (чи дар дунё ва чи дар охират) хоҳед донист».
Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ба шунавандаҳои худ бигӯ, ки ман аз ин насиҳатҳо ва аз ин таблиғи пайғамбарии худ ҳаминро мақсад дорам, ки шояд шумо дӯстро аз душман фарқ кунед ва ба роҳи шайтони лаъини рондашудаи бар зидди шумо Қасамхӯрда наравед, ӯ ҳеҷ вақт шуморо ба роҳи савоб ҳидоят намекунад. Дар ивази он, панди анбиё (а)-ро бипазиред, зеро онҳо барои хайрхоҳӣ ва фоидаву ҳидояти шумо аз сӯи Аллоҳтаъоло фиристода шудаанд. Ҳеҷ яке аз онҳо ва ҳатто ман дар ивази ин насиҳатҳо аз шумо ягон музде намехоҳам. Ман ҳеҷ суханеро аз худ набофтааму ба шумо нагуфтаам. Он чи маро амр шудааст, барои ризои Аллоҳ ҳамон чизро ба шумо мерасонам. Шуморо бо макру фиреб аз фармудаи Аллоҳ зиёд ё кам таклиф намекунам. Ба ҳар сурат Қуръон ба ҷуз панду андарзу насиҳатҳои инсонсоз чизи дигаре нест. Агар насиҳатҳои маро Қабул кунед, ихтиёр доред ва агар на ин ҳам, ихтиёри шумост. Як чизро бояд бидонед, ки ин хабарҳое, ки ман гуфтам ё Қуръон дорад, ҳама ҳаққасту рост. Дурустии онҳоро ба гузаштани андак вақту замон ба хубӣ хоҳед донист. Ҳақиқати ҳамаи ин хабарҳои гуфтаи ман барои шумо ба зудӣ маълум хоҳад гашт.
Имом Ҳасани Басрӣ (р) чунин гуфтааст: «Ай ибни Одам, назди мавтат хабари яқин меояд. Агар муждаи хуб бошад, пас бисёр хуб, агар бад бошад тавбаи он вақт Қабул нест, дигар чӣ кор карда метавонӣ?». Аллоҳ донотар аст.
Поёни тафсири сураи «Сод». Ва лиллоҳил ҳамду вал миннаҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сод «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «