Тафсири Сураи Зумар – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар сураи 39-уми Қуръон буда, дар Макка нозил шудааст ва аз 75 оят иборат аст.
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Сураи «Зумар» мисли дигар сураҳои дар Макка нозилшуда масъалаҳои ақидавиро дар бар дорад. Аз ҷумла, ақидаи тавҳид дар ин сура дар ҷойи аввал истода, меҳвари асосии он ба шумор меравад. Зеро асосу пойдевори ақидаи исломӣ ҳам ҳамин илми тавҳид аст. Инчунин донистани он аслу асос буда, сиҳатии кулли амалҳои солеҳ ҳам аз ҳамин илми тавҳид сарҷашма мегирад.
Сура бо зикри муъҷизаи Кубро, ки он Қуръони азимушшаън асту бар пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст, оғоз меёбад. Дар баробари ин, амр мешавад, ки ба дини ростини Аллоҳ ихлос намуда Ӯ таъоло бе монандсозӣ ба махлуқот ёд карда шавад.
Баъдан ақидаи мушрикони бутпарастро, ки дар ибодаташон доранд, яъне бутҳоро шафоатбахши худ медонанд, бо далелҳои Қатъӣ рад месозад.
Ҳамчунин сухан дар бораи ваҳдонияти Аллоҳтаъоло рафта, далелҳое чун пайдо кардани Замину осмонҳо, шабу рӯз, сайри Офтобу Моҳтоб ва дигар сайёрагон, халқи инсону ҳолатҳоеро, ки то ба дунё омаданаш аз сар мегузаронад, оварда мешавад. Дар ҳамаи онҳо Қудрату ваҳдонияти Ӯ таъоло бараъло зоҳир аст.
Ин сураи муборака ба таври бисёр равшану возеҳ фоидаи ақидаи ростини муъминон ва зиёни ошкорои муҷримону кофиронро, ки дар дори ҷазо (нори оташи Ҷаҳаннам) аз ҷамии атроф онҳоро иҳота мекунаду азобҳои гуногунро мечашанд, баён месозад.
Байни шахсоне, ки Аллоҳи ягонаро мепарастанд ва онҳое, ки ба ҷуз Ӯ таъоло боз маъбудҳои дигарро ибодат мекунанд, тафовути бузурге мегузорад. Аҳволи мушриконро бо мисоли тафовути ду ғулом, ки яке аз онҳо як хоҷа ва они дигар чанд хоҷаи бо ҳам мухолиф дорад, баён мекунад. Баъд аз он аз мушриконе сухан мекунад, ки чун ба онҳо аз маъбуди ягона (Аллоҳтаъоло) сухан гуфта шавад, чину абру дар ҳам мекашанд ва агар аз маъбудони худашон сухан равад, хушҳол мегарданд.
Баъд оятҳои воломартабаи ин сура мардумро, пеш аз он, ки мавт ба нохост биёяд ё бехабар монанду фоҷиаи азоб даррасад, ки дигар тавбаву тазаррӯъ суде надорад, ба сӯйи тавбаю инобати Парвардигорашон даъват менамояд.
Дар хотимаи сура аз дамидани сури аввалу беҳуш шудани мардум, ҷон додани онҳо ва дамидани сури дувум барои зинда гардонидан баъд аз миронидан ва ҳолатҳои тасаввурнопазири он рӯзи Қиёмат сухан меравад. Дар он рӯз муттақиёни аброрро саф-саф ба сӯйи Ҷаннат раҳнамо месозанд ва муҷримони бадкорро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷониби Дӯзах равон мекунанд.
«Зумар» ном гирифтани сура бинобар он аст, ки як зумра (гурӯҳ) некбахтон аз аҳли Ҷаннатанд ва як зумра (гурӯҳ) бадбахтон аз аҳли Дӯзах. Гурӯҳи аввал аз инъому икроми Аллотаъоло бархурдоранд. Зумраи дуввум аз хорузорсозии Аллоҳтаъоло насибадоранд. Валлоҳу аълам.
Ин буд назаре ба фишурдаи (муқаддимаи) ин сураи муборак.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «