Сураи Соффот Ояти 148 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 148 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 148

فَاٰمَنُوۡا فَمَتَّعۡنٰهُمۡ اِلٰى حِيۡنٍؕ‏ ١٤٨

Фа аману фа маттаънаҳум ила ҳӣн. 148.

148. Пас, имон оварданд, пас, онҳоро то муддате баҳравар сохтем.

Он Қавме, ки ҳазрати Юнус (а) ба даъвати онҳо машғул буд, сад ҳазор ё зиёдтар аз ин буданд. Баъзе муфассирин гуфтаанд, ки онҳо зиёда аз 120 ҳазорро ташкил медоданд. Ҳамчунин оварда шудааст, ки он Қавм аз деҳаи Найнаво буданд. Аллоҳ донотар аст.

Хулоса, Аллоҳ таъоло Юнус (а)-ро боз ба сӯи он Қавм ҳангоме баргардонид, ки Қавми саркаш аллакай нишонаҳои азоби ваъдашударо мушоҳида намуда, аз ояндаи нохуши худ дар ҳарос афтода, ба суроғу ҷустуҷӯи фиристодаи Аллоҳ (а) баромада, аз ҳар гӯша ӯ (а)-ро меҷустанд. Чун Юнус (а) ба пеши онҳо баргашт, ҳамагӣ имон оварданд ва то охири умр аз дунё бархурдор гаштанд.

Сад офарин ба ақлу фаросати онҳо, ки ба зудӣ ба худ омаданду аз аъмоли ношоистаи хеш даст кашида, итоати расули Аллоҳ (а)-ро намуданд, аз азоби барояшон муқарраршуда наҷот ёфтанд.

Эй бор Худоё, ба мо ақли ибратомӯз ва тавбаву тазаррӯъ ва инсоф каромат фармо.

Дар ҳамин ҷо Аллоҳтаъоло баёни Қиссаҳои тасаллибахши расулони киромро барои расули Худ Муҳаммади Мустафо (с) мувофиқ ба услуби ин сура ба поён мерасонад ва боз таваҷҷӯҳи ӯ (с)-ро ба сӯи мушрикони Макка ҷалб намуда, Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки.


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 147 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 149 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)