Тафсири Сураи Соффот Ояти 159 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 159
سُبۡحٰنَ اللّٰهِ عَمَّا يَصِفُوۡنَۙ ١٥٩
Субҳоналлоҳи ъамма ясифун. 159.
159. Аз он чӣ (мушрикон) баён мекунанд, Аллоҳ пок аст.
Тавре мебинем, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ба он Зоти пок чунин суханеро, ки мушрикон мегӯянд, бастан мутлақо нодурусту нашояд. Зеро Ӯ таъоло аз чунин сифатҳое, ки инсонро кофир ё мушрик мегардонад, пок аст. Касе, ки чунин ақидаи мушрикона дорад ё онро ҷонибдорӣ менамояд, яқин бидонад, ки ӯ муваҳҳид (яктопараст) нест ва ба азоби шадиди Аллоҳтаъоло гирифтор хоҳад шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «