Сураи Соффот Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 2

فَالزّٰجِرٰتِ زَجۡرًا ٢

Фа-з-заҷирати заҷра. 2.

2. Пас, Қасам (ба фариштагоне, ки абрҳоро бо сахтӣ) меронанд.

«Зоҷироти заҷран» ба маъни рондан омада, Аллоҳтаъоло ба фариштагоне ки бо амри Парвардигор абрҳоро ронда, барои шодоб кардани ягон мавзеъ онҳоро манъ месозанд, Қасам ёд намудааст.

Тибқи эзоҳи баъзе муфассирон, «ронандагон», он фариштагонеанд, ки чун шайтонҳо бо мақсади дуздидани хабарҳои осмонӣ ба боло ҳаракат мекунанд, онҳоро намегузоранд, ки комёб шаванд ва бо заҷр онҳоро ба поён меронанд. Қасам ба чунин фариштагон аст. Аллоҳ донотар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)