Тафсири Сураи Соффот Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 3
فَالتّٰلِيٰتِ ذِكۡرًا ٣
Фа-т-талийати зикро. 3.
3. Пас, (Қасам ба он фариштагоне, ки) зикри Худоро тиловат мекунанд,
Аллоҳтаъоло ба фариштагони аброре, ки Қуръонро бо амри Парвардигори худ бар муқаррабону анбиёи Аллоҳ тиловат мекунанд, савганд ёд намудааст.
Ё Қасами Аллоҳтаъоло ба тиловаткунандагон мӯъминоне аст, ки амрҳои Илоҳиро мешунаванд, мақсаду маънои онро дарку ҳифз менамоянд, то ҳамдигарро таълим бидиҳанд.
Валлоҳу аълам, мақсади Қасами Аллоҳтаъоло дар се ояти Қаблӣ зикршуда, дар ояти навбатӣ зоҳир мегардад, ки фармуда аст…
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «