Тафсири Сураи Соффот Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
وَالصّٰٓفّٰتِ صَفًّا ١
Ва-с-саффати саффа. 1.
1. Қасам ба фариштагоне, ки назди Худованд барои ниёиш (намозашон) саф андар саф кашиданд,
Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ба ҷамоаи фариштагоне, ки барои иҷрои амри Ӯ таъоло ё барои ибодат ва ё бо хотири муроабаи амри Аллоҳтаъоло саф мекашанду ҳамеша дар ҳолати «омодабош» Қарор доранд ва назди Офаридгор шаъни азим доранд, савганд ёд намуда, ин сураи муборакро ифтитоҳ бахшидааст. Зеро онҳо барои хидмати Парвардигори худ ва назди ҷалолу ҳайбати Ӯ таъоло ғариқи баҳри хузӯъу хушӯъанд ва тасмиму фурӯтанӣ зоҳир мекунанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «