Сураи Соффот Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Соффот Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Соффот Ояти 4

اِنَّ اِلٰهَكُمۡ لَوَاحِدٌ ٤

Инна илаҳакум ла ваҳид. 4.

4. Албатта, Маъбуд (Худо)-и шумо якка аст!

Кофирони Макка аз рӯйи инкор мегуфтанд, ки ай Муҳаммад, чӣ гуна ҳамаи худоҳоро як Худо мегардонӣ? Як Худо чӣ гуна Қодир аст ин дунёро биофараду ин Қадар халқро ғунҷоиш бидиҳад? Барои радди ин пиндошти ғалати мушрикон, Аллоҳтаъоло шарафи фариштагонро дар оятҳои Қаблӣ боло бардошта, се маротиба савганд ёд намуд ва боз дар ояти мазкур таъкидан баён намуда гуфт, ки Аллоҳе, ки шумо мепарастед, яккаву ягона буда, ба ҳама кор Қодиру бешарик аст. Бинобар ин, ҷамии ибодатҳои худро холис барои ризои Ӯ ба ҷо биёред!

Бандаи муъмин, иншоаллоҳ, метавонад бигӯяд, ки фариштагону бандагони неки Аллоҳ, чи дар осмонҳо ва чи дар рӯйи Замин, дар ҳама давру замон, Қавлану феълан шаҳодат медоданду медиҳанд, ки молику маъбуди ҳама фақат Зоти ягона Аллоҳтаъолост ва мо ҳама бандагони Ӯ ҳастем. Валлоҳу аълам.

Аллоҳтаъоло бори дигар дар ояти зер ваҳдонияту улуҳияти хешро баён намуда фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Соффот Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Соффот Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)