Тафсири Сураи Соффот Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Соффот Ояти 5
رَبُّ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ الۡمَشَارِقِ ٥
Раббу-с-самавати ва-л-арЗи ва ма байнаҳума ва Раббу-л-машариқ. 5.
5. Ӯ Парвардигори осмонҳо ва Замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва Парвардигори машриқҳост.
Ӯ таъоло дар зимни ин ояти карима ваҳдоният (ягонагӣ) ва улуҳияти (Илоҳ будани) худро зоҳир намуда мегӯяд, ки Ӯ таъоло зотест, ки Холиқ ва Молики осмонҳо ва Замин аст. Инчунин ҳар мавҷудоте, ки дар осмонҳо (галактикаҳо, ситораҳо, Офтоб, Моҳ ва ғ.) ва Замин (баҳрҳо, кӯҳҳо, ҳайвонҳо, наботот ва ғ.) ва байни онҳо (ҷирмҳои нисбатан хурде, ки метеорит ном доранд, зарраҳои ҳаво, буғи об, зарраҳо ва ғ.) ҳаст, маҳсули Қудрат ва санъати офаридгории Аллоҳтаъолост. Худованди якка ва ягона низоми ҳастии онҳоро назорат ва идора мекунад. Ҳамчунин Аллоҳтаъоло мураббӣ тарбиятгари ҷамии махлуқот аст. Дар ин сифат Рубубият, яъне Парваридан ягона ва бешарик аст. Ҳамчуноне ки он Зоти пок дар улуҳият (Илоҳ будан) шарик надорад, дар Рубубият (Парвардигор будан) низ шарик надорад. Боиси таассуф аст, ки баъзе аз бандагон тавҳиди (ягона донистани) улуҳиятро зътироф намекунанд, ҳамчунин дар тавҳиди (ягона донистани) рубубият ба Худованд дигар чизҳоро низ шарик медонанд. Дар натиҷа тавҳиди улуҳияташон (Илоҳоро якто донистанашон) халалдор мегардад. Чунин ақида бар зарари онҳост.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло Худро чун «Парвардигори машриқҳо» муаррифӣ менамояд. Калимаи арабии «машриқ» маънои макони баромадан, «макони тулӯъ»-ро дорост. Одатан «машриқ» макони тулӯи Офтобро ифода менамояд. Мушоҳида шудааст, ки дар давоми сол нуқтаи (макони) тулӯи Офтоб тағйир меёбад. Он дар зимистон ҷанубтарин мавқеъро соҳиб гашта ба тадриҷ, рӯз ба рӯз ба тарафи шимол майл мекунад. Тобистон ба шимолтарин нуқта расида, боз ба тадриҷ майл ба ҷануб мекунад. Баъзе муфассирони киром шакли ҷамъи калимаи «машриқ» «машриқҳо»-ро дар ин оят ифодакунандаи тағйирёбии макони тулӯи Офтоб донистаанд.
Яъне Аллоҳтаъоло Парвардигорест, ки Қодир аст макони тулӯи Офтобро бо низоми муайян тағйир диҳад.
Андеша бамаврид аст, ки оё ҳамаи ин осмонҳою Замин ва Офтобу Маҳтобу ситорагон ва дигар ҷирмҳои осмонӣ, ки аз рӯйи меъёри муайян, самти ҳаракати муайян арзи ҳастӣ доранд, ба ғайри Офаридгори яккаву ягона магар парвардигори дигаре доранд? Посух ба ин суол яктост, Қатъӣ ва раднашаванда, яъне надоранд!
Рӯйхати оятҳои Сураи Соффот «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «