Сураи Тағобун Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тагобун Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Тағобун Ояти 14

يٰۤاَيُّهَا الَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اِنَّ مِنۡ اَزۡوَاجِكُمۡ وَاَوۡلَادِكُمۡ عَدُوًّا لَّكُمۡ فَاحۡذَرُوۡهُمۡ‌ۚ وَاِنۡ تَعۡفُوۡا وَتَصۡفَحُوۡا وَتَغۡفِرُوۡا فَاِنَّ اللّٰهَ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ ١٤

Йа айюҳа-л-лазӣна аману инна мин азваҷикум ва авладикум ъадувва-л-лакум фаҳзаруҳум.Ва ин таъфу ва тасфаҳу ва тағфиру фа инналлоҳа Ғафуру-р-Раҳӣм. 14.

14. Эй ононе ки имон овардаед, албатта, баъзе занҳои шумо ва авлоди шумо барои шумо душмананд. Пас, аз онҳо ҳазар кунед ва агар афв кунед ва даргузаред ва бубахшед, пас, албатта, Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст.

Дар ин оят Аллоҳтаъоло ба сӯи муъминон муроҷиат карда аст, ки баъзеи шуморо занҳо ва фарзандонатон аз як ҷиҳат душмананд. Вале агар шумо аз гуноҳи онҳо гузареду онҳоро бубахшед, Худованд гуноҳҳои шуморо авф мекунад. Зеро Худованд бисёр бахшандаву меҳрубон аст.

Муфассирини гиромӣ чунин овардаанд, ки баъзе аз мусалмонони Маккаи муаззама пеши худ мақсад гузоштанд, ки ба пеши Расули Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуда, имон овардани худро ба Худо ва Расули Ӯ (с) изҳору дар амал тасдиқ месозанд.

Аммо занҳо ва фарзандони онҳо инро нахоста гуфтанд, ки ба Ислом овардани шумо сабр варзидем, вале тоқати аз шумо ҷудоиро надорем.

Хулоса, нагузоштанд, ки онҳо ҳиҷрат кунанд. Чун фурсат муносиб афтоду ба назди Расулуллоҳ (с) рафтанд, диданд, ки онҳое, ки пеш ҳиҷрат карда буданд, аллакай олиму фақеҳ гаштаанд. Аз ин кор онҳо пушаймон шуда, аз занону фарзандони худ ранҷида, тасмим гирифтанд, онҳоро ҷазо бидиҳанд. Дар ин асно ояти мазкур нозил гардида, онҳоро аз райъи интиқомгирӣ бозгардонд.

Алҳамдулиллоҳ ҳастанд занон ва фарзандоне, ки дини шавҳарон ва падарони худро муҳофизат карда дар кори шаръӣ ба онҳо кумак менамоянд. Худованд сафи чунин занон ва чунин фарзандонро зиёд гардонида, ба онҳо тавфиқ арзонӣ бифармояд! Ояти зер ин мазмунро боз қувват мебахшад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Тағобун Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Тағобун Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)