Тафсири Сураи Тагобун Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 15
اِنَّمَاۤ اَمۡوَالُـكُمۡ وَاَوۡلَادُكُمۡ فِتۡنَةٌ ؕ وَاللّٰهُ عِنۡدَهٗۤ اَجۡرٌ عَظِيۡمٌ ١٥
Иннама амвалукум ва авладукум фитнаҳ. Валлоҳу ъиндаҳу аҷрун ъазӣм. 15.
15. Ҷуз ин нест, ки амволи шумо ва авлоди шумо озмоиш аст ва савоби бузург назди Худо аст.
Ояти мазкур мефармояд, ки молу сарвату фарзандон аз тарафи Худованд барои шумо як санҷиш аст. Ба ғайри ин чизи дигаре нест. Бо ато кардани ин неъматҳо Аллоҳтаъоло озмоиш мекунад, ки оё онҳо шукр меварзанд, ё ки исёну гуноҳ мекунанд. Мебинад, ки кадом кас ин молу сарвати фаношавандаро азиз шуморида, неъматҳои охиратро фаромӯш месозад.
Хулоса, моли дунё муваққатӣ буда, аммо аҷру савоби Худованд аз азоби охират наҷотдиҳанда аст. Пас, ояти мазкур хабар медиҳад, ки ба дунё ва дороии худ фирефта нашавед ва аз дарёфти аҷру савоб ва ризои Худованди бузург ғафлат наварзед, чунон фарзандонро тарбия кунед, ки дар дунё ва охират боиси обрӯи шумо шаванд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «