Тафсири Сураи Тагобун Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 13
اَللّٰهُ لَاۤ اِلٰهَ اِلَّا هُوَؕ وَعَلَى اللّٰهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ الۡمُؤۡمِنُوۡنَ ١٣
Аллоҳу ла илаҳа илла Ҳу. Ва ъалаллоҳи фа-л ятаваккали-л-муъминун. 13.
13. Худованд якто аст, ҳеҷ маъбуде барҳақ нест магар Ӯ ва бояд муъминон ба Худо таваккул кунанд.
Ягона маъбуди барҳақ Аллоҳтаъоло аст. Ба ҷуз Ӯ дигар ҳеҷ маъбуди бар ҳаққе нест. Халқкунандаву ризқдиҳанда мавтдиҳанда ҳам Ӯ таъолост. Низоми Замину осмонҳо дар тасарруфу қудрати Ӯст. Акнун сифати инсони муъмин инаст, ки ин ҳақиқатро медонад ва дар умури зиндагии хеш ба Худои якто таваккал мекунад ва аз бисёр хурофоту амалҳои ношоиста дар офият ва осудагӣ умр ба сар мебарад.
Вале таассуф! Бисёр ашхос он қадар машғули кори дунё, побанди дарёфти ризқ, вобаста ба вазифаҳои дунё мегарданд, ки таваккал ба Худо намудан он тараф истад, ҳатто Худоро ба ёд намеоранд. Ояти зер барои чунин шахсон ҳушдор аст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «