Тафсири Сураи Тагобун Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 18
عٰلِمُ الۡغَيۡبِ وَالشَّهَادَةِ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ١٨
Ъалиму-л-ғайби ва-ш-шаҳпдати-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 18.
18. Худованд донандаи ниҳону ошкор аст, ғолибу боҳикмат аст.
Аллоҳтаъоло зимни мазмуни ин оятҳо ба фақирону муҳтоҷон ёрдами моддӣ расонидан ва дар роҳи хайр садақа доданро (“Агар ба Аллоҳтаъоло қарзи ҳасана бидиҳед”) номидааст. Ин услуби суханронӣ аз лутфу меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи Аллоҳтаъоло ба мардуми камбизоату муҳтоҷ дарак дода марҳамате барои онҳост. Вагарна Худо аз ҷамии дунё ва он чи дар он ҳаст, бе ҳоҷату бениёзаст ва ҳама олам ба Ӯ таъоло муҳтоҷ аст. Дар баробари ин, Аллоҳтаъоло ба шахсоне ки ба мардум қарзи ҳасана медиҳанд, ё ба он ҳиссагузорӣ мекунанд, ё дигаронро барои иҷрои ин амали хайр тарғиб менамояд, дар ивази ҳар амали ҳасанаи (хубӣ) иҷрокардаашон аз ҳафт ё даҳ ҳасана то ҳафсад ҳасана соҳиб шуданро ваъдаю тарғиб намудааст. Аз ҳама муҳимаш он ки мукофоти олӣ, яъне ваъдаи мағфирати гуноҳон дода шудааст. Зеро Ӯ таъоло бисёр шакур (қадрдон) аст. Яъне андак хубӣ ҳам бошад, онро қабул карда аҷру баракати бениҳоят бузург ато мефармояд. Ӯ таъоло низ “Ҳалим” аст. Ҳалимии Ӯ таъоло то он дараҷаест, ки ҳама амалҳои пинҳону ошкори бандаҳо барояш маълум бошад ҳам, чун гуноҳе аз банда сар занад, ба зудӣ ӯро азоб накунад. Ҳатто Аллоҳтаъоло ба фариштагон мефармояд, ки дар навиштани гуноҳи банда шитоб накунанд. Шояд ки ин банда ба худ ояду тавба кунад ва Ӯ бо карами бепоёни худ бандаро биёмурзад.
Худованд донандаи ниҳону ошкоро ва бар ҳама чиз ғолиб ва соҳиби нусрату пирӯзӣ ва дар иҷрои корҳои худ бо ҳикмат аст.
Поёни сураи «Тағобун» ва лиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «