Тафсири Сураи Тагобун Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 5
اَلَمۡ يَاۡتِكُمۡ نَبَـؤُا الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا مِنۡ قَبۡلُ فَذَاقُوۡا وَبَالَ اَمۡرِهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ اَلِيۡمٌ ٥
Алам яътикум набау-л лазӣна кафару мин қаблу фа зақу ва бала амриҳим ва лаҳум ъазабун алӣм. 5.
5. Оё хабари касоне ки пеш аз ин кофир шуданд, пас, сазои кори худро чашиданд шуморо наомадааст? Ва барои онҳо азоби дарднок аст.
Худованди таборак ва таъоло ба қурайшиҳо ҳамчу ҳушдор хитоб намуда гуфтааст, ки оё хабару ҳодисаҳое, ки болои кофирони пеш аз шумо гузашта мисли қавми Од ва Самуд омада буд барои шумо дарси ибрат нест?
Оё нашунидед ва ё аз китобҳои оиди онҳо нахондаед, ки бо сабаби он куфру туғён ва худоношиносию худонотарсие, ки доштанд, мӯҷиби азобу машаққатҳои вазнин гардиданд? Илова ба азобе, ки дар ин дунё кашиданд, дар охират барои онҳо азоби шадидтару дардноктар интизори онҳост, чаро ибрат намегиред?
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «