Тафсири Сураи Тагобун Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 9
يَوۡمَ يَجۡمَعُكُمۡ لِيَوۡمِ الۡجَمۡعِ ذٰلِكَ يَوۡمُ التَّغَابُنِ ؕ وَمَنۡ يُّؤۡمِنۡۢ بِاللّٰهِ وَيَعۡمَلۡ صَالِحًـا يُّكَفِّرۡ عَنۡهُ سَيِّاٰتِهٖ وَيُدۡخِلۡهُ جَنّٰتٍ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَاۤ اَبَدًا ؕ ذٰلِكَ الۡفَوۡزُ الۡعَظِیْمُ ٩
Явма яҷмаъукум ли явми-л-ҷамъи залика явму-т-тағобун. Ва ма-й юъмин биллаҳи ва яъмал солиҳа-й юкаффир ъанҳу саййиатиҳӣ ва юдхилҳу ҷаннатин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару холидӣна фӣҳа абада. залика-л-фавзу-л-ъазӣм. 9.
9. Вақто ки дар рӯзи қиёмат шуморо ҷамъ кунад, он рӯз рӯзи бурду бохт аст. Ҳар кас, ки ба Аллоҳ имон орад ва кори шоистае бикунад, ҷурмҳои ӯро аз вай дур кунад ва ӯро ба бӯстонҳое, ки зери (қасрҳои) он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дохил кунад, дар он бӯстонҳо ҳамеша ҷовидон бошанд. Ин аст комёбии бузург.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур фармудааст, ки рӯзе, ки ҷамъ карда шавад шуморо дар он рӯз бурду бахти ҳар инсон маълум мешавад. Яъне ҳар касе ба Аллоҳ имон орад ва кори шоистае бикунад ҷурм (гуноҳ)-ҳои ӯ дар он рӯз дур карда шавад ва ӯро ба бӯстонҳое, ки аз зери қасрҳо ва дарахтони онҳо наҳрҳои об ҷориаст дохил карда шавад ва онҳо дар он бӯстонҳо ҳамеша ва ҷовидон боқӣ бимонанд.
Рӯзе ки Аллоҳтаъоло мардумро ҷамъ мекунад, он рӯзро рӯзи Қиёмат гуфта мешавад. Қиёмат рӯзест бисёр пурдаҳшат ва ҳавлнок. Яъне дар он рӯз аз ибтидо то интиҳо тамоми халоиқ барои ҳисобу китоб ҳозир карда мешаванд. Дар он рӯз рӯзи бурду бохти ҳар инсон яъне, куфри кофирон ва имони имондорон маълум мешавад.
Хулоса, кофирон дар он рӯз бо чашми худ хоҳанд дид, ки чигуна Ҷаннат аз онҳо рӯйгардон мешаваду Дӯзах ба истиқболашон меояд. Онҳо аниқ дарк мекунанд, ки неъмати бузургеро аз даст додаанд. Аммо гуноҳҳои аҳли имон бо меҳрубонии Худованд, афв шуда ҷовидона биҳишти анбарсириштро ноил мегарданд, ки ин саодату комёбии бузург аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «