Тафсири Сураи Тагобун Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Тағобун Ояти 10
وَالَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا وَكَذَّبُوۡا بِاٰيٰتِنَاۤ اُولٰٓٮِٕكَ اَصۡحٰبُ النَّارِ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَا ؕ وَبِئۡسَ الۡمَصِيۡرُ ١٠
Ва-л-лазӣна кафару ва каззабу би айатина улаика асҳабу-н-нари холидӣна фӣҳа. Ва биъса-л-масӣр.10.
10. Ва касоне, ки кофир шуданд ва оёти моро дурӯғ ҳисобиданд, он ҷамоъат аҳли Дӯзаханд, дар он ҷовидон бошанд ва ба Дӯзах бозгаштан чӣ ҷойи бад аст!
Шахсоне, ки ваҳдонияти Аллоҳтаъолоро бовар надоранд, дар зинда гардонидани баъд аз миронидан қудрати Ӯ таъолоро нодида гирифтанд ва оёти Қуръонро дурӯғ ҳисобиданд, хулоса, шахсоне ки назди Аллоҳтаъоло кофир шудаанд, бозгашти онҳо ба сӯи Дӯзах аст ва ҷовидона дар он боқӣ мемонанд.
Дӯзах чӣ ҷойи бад аст ва чӣ бад аст бозгашти инсон ба Дӯзах! Дӯзах барои ҷамоъае, ки Худову Расул, қиёмату Қуръони азимушшаънро дурӯғ мешуморанд ҷазову сазову подоши арзанда аст. Наъузу биллоҳ.
Рӯйхати оятҳои Сураи Тағобун «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «