Сураи Таҳрим Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Тахрим Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Таҳрим Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

يٰۤاَيُّهَا النَّبِىُّ لِمَ تُحَرِّمُ مَاۤ اَحَلَّ اللّٰهُ لَـكَ‌ۚ تَبۡتَغِىۡ مَرۡضَاتَ اَزۡوَاجِكَ‌ؕ وَاللّٰهُ غَفُوۡرٌ رَّحِيۡمٌ ١

Йа айюҳа-н-наббийю лима туҳарриму ма аҳаллаллоҳу лак. Табтағӣ марЗота азваҷик. Валлоҳу Ғафуру-р-Раҳӣм. 1.

1. Эй Пайғамбар, чаро он чизеро ҳаром мегардонӣ, ки Худо барои ту ҳалол сохта аст, (магар) хушнудии занони худро металабӣ? Ва Худо омурзгору меҳрубон аст.

Муфассирони оли қадр сабаби нозил шудани ин оятро бо ду ривоят шарҳ доданд. Ҳарду ривоят ҳам қобили қабул буда, дар он ҷойи тааҷуб нест.

Ривояти аввал ин аст, ки Расули Худо (с) дар навбати ҳамсараш Ҳафса (р) (духтари амиралмуъминин Умар бинни Хаттоб) дар хонаи Ҳафса (р) бо мория Қибтия дар хилвати хос буд.

Ҳафса (р) аз он огоҳ гардид, рашки занонааш хуруҷ карда бетоқат шуд ва изҳори ранҷишу норозигӣ кард. Расули Худо (с) ба хотири таскин додан ва рафъи ранҷиши Ҳафса (р) ба ӯ гуфт: “Агар Мория Қибтияро, ки модари фарзанди ман Иброҳим аст, барои худ ҳаром хонам, розӣ мегардӣ?”

Ҳафса (р) дар ҷавоб гуфт: “Бале”. Пас ҳазрати Расулуллоҳ (с) Морияро бар нафси худ ҳаром хонд ва ба Ҳафса (р) гуфт, ки ин сир байни мо пӯшида бимонад ва касе набояд огоҳ шавад. Аммо Ҳафса (р) аҳдро шикаста, ин сирро ба завҷаи дигари Расулуллоҳ (с) модари муъминон Оиша (р) духтари нахустхалифа Абӯбакри Сиддиқ (р) ошкор карданд. Он гоҳ ин ояти карима нозил гардид

Ривояти дуюм ин аст, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) назди ҳамсарашон Зайнаб (с) асал тановул карданд ва хеле назди вай маътал монданд. Ин ба завҷаҳои пок ҳазрати Оиша (р) ва ҳазрати Ҳафса (р) гарон омад. Он гоҳ бо ҳам иттифоқ намуданд, ки чун Расулуллоҳ (с) ба назди кадом яке аз мо биояд, ба ӯ мегӯем, ки эй Расули Худо (с) аз даҳонат бӯи “Гули маъофир” меояд. “Гули маъофир” як навъ дарахте буд, ки бӯи нохушу ғазил дошт.

Чун Расулуллоҳ (с) баъди ошомидани асал аз назди Зайнаб (р) ба назди Оиша (р) омад, он кас ба Расули Худо (с) гуфтанд: “Ё Расулаллоҳ (с), аз даҳони Шумо бӯи маъофир меояд”. Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ман маъофир нанӯшидаам, вале дар хонаи Зайнаб каме асал ошомидам”.

Чун ба хонаи Ҳафса (р) рафт, ӯ низ сухани Оиша (р)-ро такрор гуфт. Вақте Расули Худо (с) гуфт, ки асал хӯрдаам, завҷаи покаш посух доданд, ки шояд занбӯри асал аз гули маъофир ғизо бардошта бошад, ки ин қадар бӯи бад дорад.

Ҳазрати Рисолатпаноҳ (с) баъди ин суханҳоро шунидан гуфтанд: “Аз ин баъд асалро барои худ ҳаром гардонидам, дигар ҳеҷ гоҳ асал нахоҳам хӯрд”. Дар ин асно ин ояти карима нозил шуд. Дар он нидои Аллоҳтаъоло ба сӯи ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба тарзи “эй пайғамбари Мо” расид, ки ин ба мақоми баланду наздиктар будан ба Аллоҳтаъоло ва азиз будани Пайғамбари мо (с) далолат мекунад. Зеро муроҷиат ва хитоби Аллоҳтаъоло ба сӯи дигар набиҳо бо ифодаи номашон сурат мегирифт. Ба мисли “эй Иброҳим”, “ё Мӯсо” ва ғайра. Хулоса, Аллоҳтаъоло расули худро итоби карда фамуда аст, ки эй Пайғамбари Мо, ба хотири ризо сохтани завҷаҳоят чаро ризқу неъматеро, ки Аллоҳтаъоло ба ту насиб дидааст, барои худ ҳаром гардонидӣ?

Итоби илоҳӣ барои Расули Худо (с) бино бар мартабаи ӯ ва лутфу марҳмати Худованд буд. Худованд мағфираткунанда ва меҳрубону бузург аст. Ӯ ин амали фиристодаи худро мебахшад ва намегузорад, ки Морияи Қибтия ё асал барои нафси ӯ (с) ҳаромкардашуда бошанд.

Аллоҳтаъоло барои кушодани ин гуна қасамҳои бандагонаш ояти зеринро нозил карда чунин фармудаст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Таҳрим «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Таҳрим – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Таҳрим Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)